• Хабарҳо

    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МД «МҶТКТО»

    Дар самти фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ Душанбе, 7 апрели соли 2022 – Иттиҳоди Аврупо (ИА), Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ), Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимии клиникии тибби оилавӣ»-и (МД «МҶТКТО») Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ як қатор чорабиниҳо гузарониданд. Чорабиниҳои МД «МҶТКТО» аз ҷониби лоиҳаи «BaSIC – Таъсиси системаи ҳамгироишудаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ИА ва BMZ ҳаммаблағгузорӣ мешавад ва бо GIZ дар амал татбиқкунанда, дастгирӣ карда шуд.Лоиҳаи BaSIC як қисми Барномаи рушди тандурустии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мебошад.…

  • Мақолаҳо

    Оё фарбеҳӣ беморӣ аст

    Фарбеҳӣ яке аз масъалаҳои афзалятноки соҳаи тандурустӣ буда, солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, он тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон намудааст. Зеро оқибати он ба оризаҳои зиёди бархе аз бемориҳо ва камумрӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки дар организм бо миқдори зиёди чарб, ки бо вайроншавии мубодилаи моддаҳои дохили буня алоқамандӣ доранд, захира мегардад ва ба зиёдшавии вазни бадан нисбат ба меъёрҳои қабулгардида арзёбӣ мешавад ва онро ба гурӯҳи бемориҳои музмин шомил намудаанд. Аз ин лиҳоз, онро ба гурӯҳи бемориҳои синдроми метаболикӣ ворид сохтаанд ва тибқи Таснифоти байналмиллалии  бемориҳо (ТББ-10) бо рамзи E66 ташхисгузорӣ карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки назар ба дигар бемориҳо, бемории фарбеҳӣ,…

  • Хамкориҳо

    Чорабинии танътанавӣ бахшида ба «Даҳаи кумак ва дастгирии ғизодиҳи бо шири модар»

    Ҳамасола моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи «Даҳаи кумак ва дастгирии ғизодиҳи бо шири модар»  гузаронида мешавад. Соли равон ин чорабинии сатҳи ҷаҳони таҳти шиори «Фароҳам овардани шароити мусоид барои синамакони дар ҷойи кор» баргузор мегардад, ки дар Чумхурии Точикистон таҷлили он бо фармоиши Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ аз санаи 1 то 25 август ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 1995 собик роҳбари Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Чеймс П.Грант ғизодиҳи бо шири модарро «инкилоб барои кӯдакон» номида, иброз намудааст. Мутобиқи маълумоти пажуҳишҳо (2016 с.), беҳтаргардонии амалияи синамакони ҳамасола метавонад 823 ҳазор ҳодисаи фавти кӯдакони синни то панҷсоларо пешгири намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб,…

  • Хабарҳо

    Таҷлили Рўзи кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ба зодрўзи олими бузург ва барҷастаи тоҷик файласуф ва ҳаким Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино

    Иди касбии кормандони тиббиТоҷикистон, ҳар сол 18 август қайд карда мешавад. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶТ аз 4 апрел. 1994 сол таҳти №229(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.11.2016, №1362 дар бораи рӯзҳои ид) тасдиқ карда шудааст. 18 август зодрӯзи олими бузурги тоҷик, файласуф ва ҳаким Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Донишмандони гузаштаи мо тавассути эҷоду осори пурҳикматашон мардумро дар рӯҳияи инсондӯстию гуманизм тарбият менамуданд. Саҳми нобиғагони тоҷик дар ташаккули фарҳангу ахлоқи аҳли башар басо бузург аст. Намунаи барҷастаи ин гуна зиндагӣ ҳаёт ва фаъолияти яке саромадони табибони ҷаҳон, табиби маъруфу нотакрор Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Абӯалӣ ибни Сино умри пурбаракати худро пурра сарфи омӯхтани илм намуд. Ӯ дар муддати начандон…

  • Без рубрики

    ЧОРАБИНИИ ТАНЪТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН” ТАҲТИ УНВОНИ «КӮДАКОН ОЯНДАИ МОВУ ШУМО» ДАР МД “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ”

    Муассисаи давлатии “МҶТКТО” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ҳамасола барои кӯдакони маъюби Амбулаторияи назди Марказ, баҳри баланд бардоштани руҳияи кӯдакон чорабинии маънавию фарҳангӣ баргузор менамояд. Имрӯз 1 июн дар ҷаҳон  73-умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Cоли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин ид дар 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд…

  • Без рубрики

    КОРМАНДОНИ МД «МҶТКТО»ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РУҲИЯИ БАЛАНДИ ХУДШИНОСӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ ТАМОШО НАМУДАНД

    ​Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бори дигар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст. ​Дар Паём қайд гардид, ки ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва…

  • Хабарҳо

    Чорабинии танътанавӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» дар МД Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ

    Муассисаи давлатии “МҶТКТО” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ҳамасола барои кӯдакони маъюби Амбулаторияи назди Марказ, баҳри баланд бардоштани руҳияи кӯдакон           чорабинии маънавию фарҳангӣ баргузор менамояд. Ҳамасола 1 июн дар сар то сари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи хифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Конвесия дар бораи…

  • Без рубрики,  Хабарҳо

    ҶАШНИ “РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАБИБИ ОИЛАВӢ” дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»

    Ҳамасола бо мақсади ҷалб намудани диққати тамоми ҷомеа ба ихтисоси тибби оилавӣ ва саҳми муҳими онҳо дар пешрафти соҳаи тандурустӣ љињати таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ, алалхусус барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони тибби оилавӣ, 19 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии табиби оилавӣ” қайд карда мешавад. Қарор оиди ҷашни “Рўзи байналмилалии табиби оилавӣ” соли 2010  дар ҷаласаи Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) бо як овоз қабул карда шуда, 19 майи соли 2011 дар маросими кушодашавии Анҷумани умумиҷаҳонии табибони оилавӣ дар шаҳри Канкуни давлати Мексика расман эълон гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардонии тибби оилавӣ аз соли 1998 оғоз гардидааст. «Нақшаи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рўи принсипи тибби…