• Хабарҳо

    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МД «МҶТКТО»

    Дар самти фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ Душанбе, 7 апрели соли 2022 – Иттиҳоди Аврупо (ИА), Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ), Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимии клиникии тибби оилавӣ»-и (МД «МҶТКТО») Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ як қатор чорабиниҳо гузарониданд. Чорабиниҳои МД «МҶТКТО» аз ҷониби лоиҳаи «BaSIC – Таъсиси системаи ҳамгироишудаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ИА ва BMZ ҳаммаблағгузорӣ мешавад ва бо GIZ дар амал татбиқкунанда, дастгирӣ карда шуд.Лоиҳаи BaSIC як қисми Барномаи рушди тандурустии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мебошад.…

  • Хабарҳо

    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ”

    Имрӯз, 15-ҳуми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” бахшида ба Рӯзи ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҳамоиши идона доир гашт, ки дар он роҳбарият ва кормандони муассиса ширкат  варзиданд. Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Зимни чорабини гуфта шуд, ки ҳамасола мардуми сарбаланди кишвари азизамон ин санаи муҳиму фархундаро бо шукуҳу шаҳомати хоса  таҷлил менамоянд. Ҳамчунин баромадкунандагон иброз намуданд, баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, институтии президентӣ нақши ҳалкунанда дар рафъи буҳрони сиёсӣ, барқарор кардани сулҳ ва оғоз бахшидан ба давраи навини давлатсозӣ бозид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Сулҳ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик аст, ва ҳифзи он…

  • Хабарҳо

    17 сентябр – Рӯзи байналмилалии амнияти беморон

    Таърих ва аҳамият Соли 2019 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ/ВОЗ) бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва мутахассисон Рӯзи байналмилалии амнияти беморон-ро ҷорӣ намуд. Ҳар сол 17 сентябр дар саросари ҷаҳон ин рӯз бо чорабиниҳои гуногун таҷлил мешавад. Мақсадҳои асосӣ Пешгирии хатогиҳои тиббӣ ва зарар ба беморон. Таъмини муҳити бехатар дар муассисаҳои тиббӣ. Ҷалби беморон, аҳли оила ва ҷомеа дар равандҳои табобат. Баланд бардоштани масъулият ва сатҳи донишҳои кормандони соҳаи тиб. Татбиқи таҷрибаҳои муосири идоракунии хавф дар соҳаи тандурустӣ. Мавзӯъҳои солона 2021: Амнияти модар ва навзод. 2022: Доруҳои бехатар. 2023: Ширкат додани беморон барои амнияти онҳо. 2024: Амнияти ҷарроҳӣ. Амнияти беморон танҳо вазифаи табибон нест — он масъулияти дастаҷамъона мебошад.…

  • Без рубрики,  Хабарҳо

    ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ» ТАҲТИ УНВОНИ «БУЗУРГТАРИН САРМОЯИ МИЛЛАТ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ»

    Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 34-сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва…

  • Хабарҳо

    Ҳамасола моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи «Даҳаи миллии ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон» гузаронида мешавад. Соли равон ин чорабинии сатҳи ҷаҳони таҳти шиори «Афзалият додан ба синамаконӣ» баргузор мегардад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили он бо фармоиши Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ аз санаи 1 то 10 август ба нақша гирифта шудааст.

    Дар соли 1995 собик роҳбари Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Чеймс П.Грант ғизодиҳи бо шири модарро «инкилоб барои кӯдакон» номида, иброз намудааст. Мутобиқи маълумоти пажуҳишҳо (2016 с.), беҳтаргардонии амалияи синамакони ҳамасола метавонад 823 ҳазор ҳодисаи фавти кӯдакони синни то панҷсоларо пешгири намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб, Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳи бо шири модар, ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август баргузор мегашт. Соли равон бошад, бо мақсади таваҷҷуҳи фаъоли табақаҳои гуногуни аҳоли, махсусан модарон, падарон, бобову бибиён ва парасторон ин чорабини аз 1-ум то 10-уми август идома меёбад. Таваллуди кӯдак — хурсандии беканор дар ҳаёти оила ва волидайн мебошад. Аз рӯзи аввали ҳаёт масьалаҳои ғизодиҳӣ, инкишофи ҷисмонӣ…

  • Мақолаҳо

    КӮДАК АСОСАН АЗ ШИРИ МОДАР ҒИЗО МЕГИРАД!

    Мусоҳиба бо табиб – омӯзгори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявиии таълимию клиникии тибби оилавӣ” Абдуқодир Авезов –Одатан дар мавси гармо ҳолатҳои ба бемориҳои гуногун гирифтор шудани тифлони навзод зиёд ба чашм мерасад. Лутфан мегуфтед, ки дар ин мавсим бештар кадом намуди бемориҳои кӯдакона авҷ мегиранд? – Тибқи мушоҳидаҳо ва омӯзишҳои мо дар мавсими гармо бештар аз ҳама бемориҳои сироятии мав­симии кӯдакона авҷ мегиранд, ки дар байни онҳо бемо­рии сироятии дарунравӣ, қайкунӣ ва илтиҳоби шуш бештар аст. Инчунин, бемориҳои уфунати хун ва норасогии вазн низ аз сермуроҷиаттарин бе­мориҳо дар байни аҳолӣ мебошад. – Шумо дар бораи бемориҳои уфунати хун суҳбат гуфтед. Метаво­нед бигӯед, ки омили асосии  пай­доиши ин бемориҳо дар чист? – Яке аз омилҳои асосӣ ворид шуда­ни микроб ба хун мебошад. Вале бо вуҷуди ин, олимони соҳаи тиб бар ин назаранд, ки…

  • Без рубрики,  Хабарҳо

    Муҷаҳҳазгардонии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Душанбе, Тоҷикистон — 31 майи соли 2025 Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиники тибби оилавӣ маросими расмӣ ба истифода додани ифтитоҳи таҷҳизотҳои тиббӣ баргузор гардид. Таҷҳизотҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон дар доираи Барномаи кумакҳои грантии “Кумаки бидуни баргашт барои амнияти инсонӣ дар сатҳи маҳаллӣ (GGP)” ва Лоиҳаи “Беҳтарнамоии таҷҳизотҳои тиббӣ” дастрас гардид. Дар чорабинӣ Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷопон ҷаноби Фудзии Хисаюки, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, сардори Шуъбаи ислоҳот ва кумаки аввалияи тиббию санитарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маннонов О.М., намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва кормандони марказ иштирок намуданд. Ин кумаки хайрхоҳона бо мақсади тақвият бахшидан ба қобилияти марказ дар расонидани хизматрасониҳои босифати…

  • Без рубрики,  Хабарҳо

    ҶАШНИ “РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАБИБИ ОИЛАВӢ”

    дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» Ҳамасола бо мақсади ҷалб намудани диққати тамоми ҷомеа ба ихтисоси тибби оилавӣ ва саҳми муҳими онҳо дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ, алалхусус барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони тибби оилавӣ, 19 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии табиби оилавӣ” қайд карда мешавад. Қарор оид ба ҷашни “Рўзи байналмилалии табиби оилавӣ” соли 2010  дар ҷаласаи Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) бо як овоз қабул карда шуда, 19 майи соли 2011 дар маросими кушодашавии Анҷумани умумиҷаҳонии табибони оилавӣ дар шаҳри Канкуни давлати Мексика расман эълон гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардонии тибби оилавӣ аз соли 1998 оғоз гардидааст.…

  • Хабарҳо

    Таҷлили «Наврӯзи оламафрӯз» дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»

    Ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай санаи 12.04.2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» бо иштироки кулли кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомади тантанавиро директори муассиса д.и.т., профессор Раҷабзода Салоҳидин Раҷаб ҳусни оғоз бахшида, ба ифтихори «Наврӯзи оламафрӯз» аҳли кормандонро дар ин рӯзҳои пурфараҳи баҳорӣ шодию нишоти наврӯзӣ, саодатмандию сарбаландӣ ва комёбиҳои шоёни меҳнатиро таманно намуданд. Ҳамчунин иброз доштанд; ки Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашн ба ҳисоб рафта, табиат ва инсон аз он нерӯи тоза пайдо карда, дилу дидаҳо ба ҳам меоянд, некиву накӯкорӣ, амалҳои хайру савоб, рисолати фарҳангу маърифат ва ниҳоят ваҳдату ҳамгироӣ дастболо мегардад. Боиси ифтихори беандоза аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои…

  • Хабарҳо

    Таҷлили Рўзи кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ба зодрўзи олими бузург ва барҷастаи тоҷик файласуф ва ҳаким Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино

    Иди Касбии Кормандони Тибби Тоҷикистон, ҳар сол 18 август қайд карда мешавад. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶТ аз 4 апрел. 1994 сол таҳти №229 тасдиқ карда шудааст. 18 август зодрӯзи олими бузурги тоҷик, файласуф ва ҳаким Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Донишмандони гузаштаи мо тавассути эҷоду осори пурҳикматашон мардумро дар рӯҳияи инсондӯстию гуманизм тарбият менамуданд. Саҳми нобиғагони тоҷик дар ташаккули фарҳангу ахлоқи аҳли башар басо бузург аст. Намунаи барҷастаи ин гуна зиндагӣ ҳаёт ва фаъолияти яке саромадони табибони ҷаҳон, табиби маъруфу нотакрор Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Абӯалӣ ибни Сино умри пурбаракати худро пурра сарфи омӯхтани илм намуд. Ӯ дар муддати начандон зиёд тавонист асрори нуҳуфтаи илми тибро ошкор намояд…