Низомнома

Заминаи моддиву техникӣ

Айни замон, дар ҷумҳурӣ 15 марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ фаъолият менамоянд (як Маркази ҷумҳуриявӣ, се маркази вилоятӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд) ва 11 шўъбаҳои таълимию клиникии тибби оилавии шаҳру ноҳияҳо (шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Кўлоб, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Данғара, Шаҳритус, Рашт, Шаҳринав ва Рўдакӣ).

Дар баробари ин, баҳри беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор ва баланд бардоштани заминаи моддию техникии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири ҷории бинои асосӣ ва пойгоҳи клиникии Марказ (дар заминаи Маркази саломатии №3-и Раёсати тандурустии ш.Душанбе) ба итмом расонида шуда, бо маҷмўи овезаҳо, таҷҳизотҳои ташхисию табобатӣ, компютерӣ, нусхабардорӣ ва таълимию аёнӣ гардидаанд.