• Хабарҳо

    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МД «МҶТКТО»

    Дар самти фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ Душанбе, 7 апрели соли 2022 – Иттиҳоди Аврупо (ИА), Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ), Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимии клиникии тибби оилавӣ»-и (МД «МҶТКТО») Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ як қатор чорабиниҳо гузарониданд. Чорабиниҳои МД «МҶТКТО» аз ҷониби лоиҳаи «BaSIC – Таъсиси системаи ҳамгироишудаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ИА ва BMZ ҳаммаблағгузорӣ мешавад ва бо GIZ дар амал татбиқкунанда, дастгирӣ карда шуд.Лоиҳаи BaSIC як қисми Барномаи рушди тандурустии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мебошад.…

  • Хабарҳо

    35 соли Истиқлолият – заминаи рушди устувори тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, имкониятҳои нав фароҳам овард. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои такмили хизматрасониҳои тиббӣ, рушди инфрасохтор, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тадбирҳои пайваста амалӣ гардиданд. Яке аз самтҳои муҳимтарини ислоҳот ин рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва татбиқи принсипҳои тибби оилавӣ мебошад. Ҳанӯз соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати гузаронидани ислоҳоти соҳаи тандурустиро таъкид намуда буданд. Ин иқдом минбаъд барои ташаккули модели муосири хизматрасонии аввалияи тиббӣ заминаи боэътимод гузошт. Воридсозии тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии…

  • Хабарҳо

    АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШ МОҲИ СОЛИ 2026 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

    Имрӯз, 11 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ҷаласа, вобаста ба натиҷагири аз фаъолияти 6 моҳи соли 2026 ва нақшаҳо барои то охири соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он директори марказ доктори илмҳои тиб, профессор Раҷабзода Салоҳидин, муовинон, сардорони шӯъбаҳои байниноҳиявӣ  ва дигар кормандони марказ иштирок намуданд. Директори марказ вобаста ба фаъолияти марказ ва зерсохторҳои он дар 6 моҳи соли равон баромад намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати таълим, боздид намудани барномаҳои таълимӣ, истифода намудан аз методҳои ҷадидӣ таълим ба шунавандагон, таъмиру тармими биноҳои муассисаҳои зерсохтор, омодагӣ ба давраи зимистон, одоби муоширати кормандони тиби амбулаторияи назди марказ, аз ҷумла…

  • Хабарҳо

    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» ТАҲТИ ШИОРИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ШУКУФОИИ ВАТАН»

    Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи Тоҷикистон буда, унсури асосии ҳар як давлати мустақил — соҳибихтиёрӣ, амният ва суботи сиёсии онро ташкил менамояд. Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи муосири халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истирори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз хотима бахшид. Ин рӯйдод на танҳо миллати моро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз нестшавӣ наҷот дод, балки нишон дод, ки халқи тоҷик соҳиби хиради азалӣ, фарҳанги баланди сулҳхоҳӣ ва таҳаммулпазирӣ мебошад. Имрӯз, ки мо дар остонаи 29-солагии ин санаи бузург қарор дорем, хуб дарк мекунем, ки ягон соҳаи ҷомеа бе мавҷудияти…

  • Хабарҳо

    ЧОРАБИНИИ ТАНЪТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН” ТАҲТИ шиори «навои кӯдакон» ДАР МД МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ

    Муассисаи давлатии “МҶТКТО” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ҳамасола барои кӯдакони маъюби Амбулаторияи назди Марказ, баҳри баланд бардоштани руҳияи кӯдакон чорабинии маънавию фарҳангӣ баргузор намуд. Ҳамасола 1 июн дар сар то сари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи хифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Конвесия дар бораи ҳуқуқи…

  • Хабарҳо

    ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ”

  • Хабарҳо

    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ  “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ”

    Имрӯз, 24-ҳуми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гашт, ки дар он роҳбарият ва кормандони муассиса ширкат  варзиданд. Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллӣ ва афрохтани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Зимни чорабини гуфта шуд, ки ҳамасола мардуми сарбаланди кишвари азизамон ин санаи муҳиму фархундаро бо шукуҳу шаҳомати хоса  таҷлил менамоянд. Ҳамчунин баромадкунандагон иброз намуданд, ки имрӯз мо дар айёми пуршараф ва муҳиму муқаддаси миллат — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омадаем. Ин сана аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки дар таърихи давлатӣ ва миллӣ ҷойгоҳи хеле баланд дошта, рамзи ҳувият, ваҳдат,…

  • Хабарҳо

    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ”

    Имрӯз, 15-ҳуми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” бахшида ба Рӯзи ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҳамоиши идона доир гашт, ки дар он роҳбарият ва кормандони муассиса ширкат  варзиданд. Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Зимни чорабини гуфта шуд, ки ҳамасола мардуми сарбаланди кишвари азизамон ин санаи муҳиму фархундаро бо шукуҳу шаҳомати хоса  таҷлил менамоянд. Ҳамчунин баромадкунандагон иброз намуданд, баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, институтии президентӣ нақши ҳалкунанда дар рафъи буҳрони сиёсӣ, барқарор кардани сулҳ ва оғоз бахшидан ба давраи навини давлатсозӣ бозид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Сулҳ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик аст, ва ҳифзи он…

  • Хабарҳо

    17 сентябр – Рӯзи байналмилалии амнияти беморон

    Таърих ва аҳамият Соли 2019 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ/ВОЗ) бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва мутахассисон Рӯзи байналмилалии амнияти беморон-ро ҷорӣ намуд. Ҳар сол 17 сентябр дар саросари ҷаҳон ин рӯз бо чорабиниҳои гуногун таҷлил мешавад. Мақсадҳои асосӣ Пешгирии хатогиҳои тиббӣ ва зарар ба беморон. Таъмини муҳити бехатар дар муассисаҳои тиббӣ. Ҷалби беморон, аҳли оила ва ҷомеа дар равандҳои табобат. Баланд бардоштани масъулият ва сатҳи донишҳои кормандони соҳаи тиб. Татбиқи таҷрибаҳои муосири идоракунии хавф дар соҳаи тандурустӣ. Мавзӯъҳои солона 2021: Амнияти модар ва навзод. 2022: Доруҳои бехатар. 2023: Ширкат додани беморон барои амнияти онҳо. 2024: Амнияти ҷарроҳӣ. Амнияти беморон танҳо вазифаи табибон нест — он масъулияти дастаҷамъона мебошад.…

  • Без рубрики,  Хабарҳо

    ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ» ТАҲТИ УНВОНИ «БУЗУРГТАРИН САРМОЯИ МИЛЛАТ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ»

    Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 34-сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва…