19 МАЙ – РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАБИБИ ОИЛАВӢ
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардонии тибби оилавӣ аз соли 1998 оғоз гардидааст.
Қарор оиди ҷашни “Рўзи байналмилалии табиби оилавӣ” соли 2010 дар ҷаласаи Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) бо як овоз қабул карда шуда, 19 майи соли 2011 дар маросими кушодашавии Анљумани умумиҷаҳонии табибони оилавӣ дар шањри Канкуни давлати Мексика расман эълон гардидааст. Ҳамасола бо мақсади ҷалб намудани диққати тамоми ҷомеа ба ихтисоси тибби оилавӣ ва саҳми муҳими онҳо дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини солимии аҳолӣ, алалхусус барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии тибби оилавӣ, ҳамасола 19 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии табиби оилавӣ” қайд карда мешавад. Дар ин асос дар санаи 19 майи соли 2021 бо ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТТ ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар муассиса дар бинои асосии Марказ «Рўзи дарҳои кушода» гузаронида шуд.
Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани раванди рушди тибби оилавӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 августи соли 1998 “Маркази ҷумҳуриявии тибби оилавӣ” таъсис дода шуд. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 аъзои Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) гардидааст.
Тибби оилавӣ аз рўи принсипҳои зерин фаъолият менамояд:
— кумакрасонӣ ҳангоми робитаи аввал – муоинаи аввал, қабули бемор дар ҷойи ҳодиса бе ҷалби дигар мутахассисони тиббӣ;
— дастрасӣ – кумакрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муҳлати кўтоҳтарин новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк;
— ҳамбастагӣ – кумаки мутахассисони тибби оилавӣ ба беморон бо роҳи табобат, барқарорсозии саломатӣ ва корҳои пешгирикунанда;
— муттасилии фаъолият – кумаки пайвастаи тиббии мутахассиси тибби оилавӣ;
— ягонагӣ – баррасии масъалаҳои вобаста ба солимии шахси алоҳида, оила ва ҷомеа дар алоқаи зич бо масъалаҳои мавҷудаи вазъи ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ;
— таваҷҷуҳ ба оила – баррасии масъалаҳои тибби оилавӣ дар доираи оила ва робитаҳои иҷтимоии шахс;
— эътимоднокӣ – эътимоди беморон ба махфӣ нигоҳ доштани иттилооте, ки онҳо ба мутахассисони тибби оилавӣ мерасонанд.
Имрўз дар ҷумҳурӣ 1 Маркази ҷумҳуриявӣ, 3 маркази вилоятӣ, 3 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон (шаҳри Кўлоб ва ноҳияҳои Шаҳритус, Данғара), 3 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Суғд (шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан ва Конибодом) ва 5 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Рўдакӣ ва Рашт дар самти тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ ва расонидани кўмаки ташкилию дастурӣ барои кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС фаъолият намуда истодааст. То имрўз дар ҷумҳурӣ 4453 нафар табибони оилавӣ ва 8343 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ ба таври бозомўзӣ омода карда шуданд.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, дастрасии хизматрасониҳои тибби ба аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати коргузорӣ дар сатҳи Амбулаторияи Марказ системаи амбулаторияи электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки айни ҳол ба таври таҷрибавӣ фаъолият намуда истодааст. Яке аз ҷанбаҳои мусбии системаи амбулаторияи электронӣ ин муайян намудани шаффофияти хизматрасониҳои тиббӣ аз ҷониби мутахассисони тибби оилавӣ, сарфа намудани вақт барои пур кардани ҳуҷҷатҳои даврӣ, оморӣ ва ҳисоботӣ, сарфа намудани маблағҳо барои дастрас намудани ин ҳуҷҷатҳо ва ғайраҳо мебошад.
Аз тарафи кормандони Маркази ҷумҳуриявӣ ва зерсохторҳои он зиёда аз 200 мақолаҳои илмии нашр гардида, 13 нафар рисолаҳои номзади илми тиб ва 6 нафар доктори илми тибро дифоъ намуданд. Дар ин давра, 55 номгўи барномаҳои такмили ихтисоси табибони оилавӣ ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ, “Маҷмўи дастурҳои клиникӣ оид ба ташхису табобати беморони дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ” бо номгўи аз 110 адад беморӣ таҳия ва тасдиқ гардид.