Хабарҳо

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Ҷоиз ба ёдоварист, ки таҷрибаи эътирофи раҳбарон ва Пешвоёни миллат дар кишварҳои дигари дунё низ вуҷуд дошта, аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодиҳояшон ҳеҷ осеб надидааст.
Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст ва барои миллати тоҷик корҳои зиёдеро анҷом додааст. Имрӯз, сарони давлатҳои ҷаҳон, олимон, коршиносон ва мутахассисони соҳа Президенти кишвар, Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои чаҳонӣ дар баррасии масъалаҳои об эътироф кардаанд, ки ин боиси ифтихори ҳамаи тоҷикистониён мебошад, зеро чунин муносибат аз шуҳрати ҷаҳонӣ ва обрӯю эътибори баланди Эмомалӣ Раҳмон, намунаи ибрат дониста шудани тоҷикон дар ҳалли масъалаҳои мубрам на танҳо сатҳи миллӣ, балки минтақа ва ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад.
Бо эҳтироми самимона мегӯем, ки ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шудан дар масири таърихи инсоният ба кам шахсиятҳо муяссар гаштааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созанда бунёдкорона ва маҳбубияте, ки байни мардуми кишвар дорад, пас аз барқарории сулҳи сартосарии Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат шинохта шуда буд ва ин санади хуқуқӣ ҷомаи қонунии он дар сохтори идораи демократӣ аст. Нишонаҳои он-эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ мебошад, ки хизматҳои барҷастааш дар саҳифаи таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони пешрафтаву шукуфон аст ва Эмомалӣ Раҳмон Пешвои самимию мардумии ҳамаи мо тоҷикону тоҷикистониён мебошад.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Бо рӯзи Президент кулли мардуми кишвари азизам ва ҳамкасбони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоем