Хабарҳо

БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Аҳли ҷомеа бояд нисбат ба ин зуҳурот бетараф набуда, дар якҷогӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки  яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона  ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид намуданд, ки: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».

Тақлид ба фарҳанги бегона фаромӯш кардани муқаддасоти миллӣ, аз қабили расму оин ва фарҳанги либоспӯшии миллӣ мисли фаромӯш сохтани забони модарӣ ва паст задани арзишҳои хоси миллат аст

Агар мо фаъолона таблиғ ва татбиқи унсурҳои фарҳанги дигаронро оғоз кунем, ин метавонад боиси низоъ ва ҷудошавӣ гардад. Ғайр аз он, таблиғи фарҳанги дигарон метавонад боиси таназзул ва аз даст додани ҷанбаҳои муҳими мероси миллӣ гардад. Фарҳанги бегона бешубҳа дар ҷаҳон ҷойгоҳи худро дорад ва мо метавонем аз гуногунии мероси фарҳангии кишварҳои дигар сабақ ва илҳом гирем. Бо вуҷуди ин, дар хотир доштан муҳим аст, ки ҳифз ва рушди фарҳанги миллии худ на танҳо ғамхорӣ дар бораи гузашта, балки сармоягузорӣ ба ояндаи мардум аст. 


Магар мешавад, ки як миллати дорои арзишҳои зиёди фарҳангиро бо чунин либосҳо ва он ҳам нимбараҳна муаррифӣ кард? Албатта, ки не. Ин хиёнат ба арзишҳои фарҳангӣ мебошад.

Пешвои миллат иброз доштанд: “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабилаи хеш огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд”. Дар воқеъ, дар ин даврон, давроне, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо сурат гирифта истодааст ва омезиши фарҳангҳоро ба вуҷуд овардааст, сойири миллатҳоеро, ки дар сатҳи пасти тафаккури таърихию фарҳангӣ қарор доранд, ба худношиносию бегонапарасти бурда расонида, метавонад аз саҳнаи пурталотуми таърих берун созад.

Новобаста аз оне ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик таърихи ғанию фарҳанги вологуҳар доранд, аз ин раванди бавуҷудомада дур нестанд. Бинобар ин, барои раҳои ёфтан аз ин баҳри пуртазоди рақобату зиддиятҳо ва сарбаландона баромадан аз он, миллати тоҷикро мебояд ба гузаштаи пурифтихори худ назар афканда, аз он беҳтарин лаълу дурдонаҳои маърифатро ҷудо намуда, ба худ интихоб намояд. Воқеан, рӯй овардан ба таърих ва арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор худшиносию ифтихори миллӣро боло бурда, муттаҳидии ҷомеа ва то андозае мавҷудияти миллатро нигоҳ медорад.

Яке аз вазифаҳои муҳим дар самти ҳимояи арзишҳои миллӣ ва динӣ пешгирии фарҳанги бегона, бегонапарастӣ дар сару либос, рафтору кирдор мебошад ва дар ин маврид зимнан таъкид гардид, ки ислом либос наовардааст, либоси хос надорад, балки ҳамаи қавму миллатҳо либоси миллии худро ба шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанд. Намояндаи ҳар як миллатро бо забон, фарҳанг, суннат, одобу ахлоқ ва шаклу услуби либоспӯшиаш мешиносанд. Аз ин рӯ ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ мо пеши роҳи воридшавии либосҳои ба ном динӣ, урфу одат ва фарҳанги бегонаро пешгирӣ намоем. Тақлид, хурофот, бегонапарастиро қатъиян маҳкум намоем

Аз ин рӯ, ақли солимро зарур аст, ки бо ҳамагуна муносибатҳои номатлуби замона нисбати анъанаҳои миллӣ мубориза барад.