Хабарҳо

ҶАЛАСАИ КОРӢ

Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9-уми марти соли 2024 сурат гирифт, Директори муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ муҳтарам Раҷабзода Салоҳидин бо маъмурият ва кормандони муассиса ҷаласа доир гашт.

Тавре гуфта шуд, зимни мулоқоти пурмуҳтавои хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маънавиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа, аз ҷумла ба масъалаву мушкилоти дар ин самт ҷойдошта низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Бинобар ин, зикр гардид, ки вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем.

Ҳамзамон вобаста ба иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар байни кормандон дар ҷаласаи мазкур андешаронӣ сурат гирифт.