Хабарҳо

ҶАШНИ “РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАБИБИ ОИЛАВӢ”дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»

ҶАШНИ “РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАБИБИ ОИЛАВӢ”

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардонии тибби оилавӣ аз соли 1998 оғоз гардидааст. «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (№414, аз 30/09/2021) муҳим будани рушди кумаки аввалияи тиббию санитариро (КАТС), дар асоси амалияи тибби оилавӣ, дар байни афзалиятҳои ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар ин марҳила қарор дод. «Нақшаи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рўи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тадриҷан амалӣ шуда истодааст ва ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани дастрасӣ, сифат, самаранокии маҷмўи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад.

Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани раванди рушди тибби оилавӣ дар соҳаи тандурустӣ 20 августи соли 1998 “Маркази ҷумҳуриявии тибби оилавӣ” таъсис дода шуд. Бинобар зиёд гардидани талабот ба мутахассисони оилавӣ ва бо мақсади тайёр намудани  онҳо соли 2004 “Маркази ҷумҳуриявии тибби оилавӣ” ба “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” табдил дода шуд. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 аъзои Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) мебошад.

Тибби оилавї аз рўи принсипҳои зерин фаъолият менамояд:

— кумакрасонӣ ҳангоми робитаи аввал – муоинаи аввал, қабули бемор дар ҷойи ҳодиса бе ҷалби дигар мутахассисони тиббӣ;

— дастрасӣ – кумакрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муҳлати кўтоҳтарин новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк;

— ҳамбастагӣ – кумаки мутахассисони тибби оилавӣ ба беморон бо роҳи табобат, барқарорсозии саломатӣ ва корҳои пешгирикунанда;

— муттасилии фаъолият – кумаки пайвастаи тиббии мутахассиси тибби оилавӣ;

— ягонагӣ – баррасии масъалаҳои вобаста ба солимии шахси алоҳида, оила ва ҷомеа дар алоқаи зич бо масъалаҳои мавҷудаи вазъи ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ;

— таваҷҷуҳ ба оила – баррасии масъалаҳои тибби оилавӣ дар доираи оила ва робитаҳои иҷтимоии шахс;

— эътимоднокӣ – эътимоди беморон ба махфӣ нигоҳ доштани иттилооте, ки онҳо ба мутахассисони тибби оилавӣ мерасонанд.

Қайд кардан лозим аст, ки дар давоми 20 соли охир дар ҷумҳурӣ кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ самаранок ворид гардида истодааст. Айни замон дар тамоми қаламрави кишвар мутахассисони соҳибихтисоси тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизматрасонии тиббию санитарӣ мерасонанд, ки дар маҷмӯъ барои пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Имрўз дар ҷумҳурӣ Маркази ҷумҳуриявӣ, 3 маркази вилоятӣ, 3 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон (шаҳри Кўлоб ва ноҳияҳои Шаҳритус, Данғара), 3 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти  Суғд (шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан ва Конибодом) ва 5 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Рўдакӣ ва Рашт дар самти тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ ва расонидани кумаки ташкилию дастурӣ барои кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС фаъолият намуда истодааст. Фаъолияти таълимии муассиса дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оинномаи Марказ ва «Иҷозатнома»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Кормандони соҳа тибқи барномањои таълимӣ, аз ҷумла барномаҳои таълимии давраи тахассусгирии аввалия аз рӯи ихтисоси ҳамшираи тибби оилавӣ, табибони оилавӣ ва барномаҳои таълимӣ барои такмили ихтисоси мутахассисони тибби оилавӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд, омӯзонида мешаванд.

Дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» барои самаранок азхуд намудани маълумотҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ барои шунавандагони даврҳои бозомўзии мутахассисони тиббӣ оилавӣ (табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ) тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла таъсиси китобхона, ки шунавандагони даврҳои бозомўзии 6 моҳаи тибби оилавӣ, шунавандагони даврҳои омўзишии такмили ихтисос ва дигар хоҳишмандони соҳаи тандурустӣ ба адабиётҳои мавҷуда дастрасии озод доранд ва ҳангоми омўзиш метавонанд бемамониат аз онҳо истифода баранд. Ҳамчунин шунавандагон барои азхуд кардани малакаҳои амалӣ метавонанд аз шумораи зиёди асбобҳои аёнӣ, аз ҷумла мулуҳҳо ва ҷадвалҳо истифода баранд. Барои мутахассисони тибби оилавӣ сомонаи фаъоли Марказ (https://fammedcenter.tj/) метавонад манбаи иловагии иттилоот бошад, ки доимо бо маълумотҳои нав пурра карда мешавад.

Ҷиҳати баланд бардоштани обрўю эътибор ва ҳавасмандгардонии мутахассисони тибби оилавӣ дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» ҳамасола «Рўзҳои дарҳои кушода», чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бо истифода аз маводҳои иттилоотӣ, филмҳои мустанад ва гузаронидани ҷаласаю вохўриҳои корӣ анҷом дода мешаванд. Ҳамасола бо мақсади ҷалб намудани диққати тамоми ҷомеа ба ихтисоси тибби оилавӣ ва саҳми муҳими онҳо дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ, алалхусус барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони тибби оилавӣ, 19 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии табиби оилавӣ” қайд карда мешавад.

Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур бо дастгирии лоиҳаи «BaSIC– Таъсиси системаи ҳамгироишудаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд.