Хабарҳо

Таҷлили «Наврӯзи оламафрӯз» дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»

Ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай санаи 12.04.2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» бо иштироки кулли кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро директори муассиса д.и.т., профессор Раҷабзода Салоҳидин Раҷаб ҳусни оғоз бахшида, ба ифтихори «Наврӯзи оламафрӯз» аҳли кормандонро дар ин рӯзҳои пурфараҳи баҳорӣ шодию нишоти наврӯзӣ, саодатмандию сарбаландӣ ва комёбиҳои шоёни меҳнатиро таманно намуданд.

Ҳамчунин иброз доштанд; ки Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашн ба ҳисоб рафта, табиат ва инсон аз он нерӯи тоза пайдо карда, дилу дидаҳо ба ҳам меоянд, некиву накӯкорӣ, амалҳои хайру савоб, рисолати фарҳангу маърифат ва ниҳоят ваҳдату ҳамгироӣ дастболо мегардад.

Боиси ифтихори беандоза аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзи аҷдодӣ умри дубора ва мақоми ҷаҳони гирифта, таъриху арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ намуданд, ки соли 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии ғайримодии башарият эътироф гардида, соли 2010 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 21 март – Рӯзи байналмилалии Наврӯз қарор қабул карда шуд.

Наврӯз ҷашнест, ки дилҳоро ба илҳому офарандагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Наврӯз чун дафтари дурахшони иқболи мо ба тамоми аҳли башар муаррифӣ гашта, чун ҷашни умумибашарӣ ва ҷашни ваҳдату ҳамбастагии инсоният пазируфта шуд.

Бигзор Наврӯз бо манзалати ҷаҳониаш, бо русуми аҷдодиаш, қалбҳои пурнур, шаҳомати бахтро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароятон мушарраф гардонида, дар хотираи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи хиради бузурги гузаштагони некноми мо ва чун зеботарин ҷашни башарӣ то ҷовидон боқӣ монад.

Сипас оид ба «Наврӯз ва иқдомҳои созандаи он дар роҳи ҷаҳонишавӣ» кормандони муассиса баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.