Без рубрики,  Хабарҳо

Муҷаҳҳазгардонии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, Тоҷикистон 31 майи соли 2025

Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиники тибби оилавӣ маросими расмӣ ба истифода додани ифтитоҳи таҷҳизотҳои тиббӣ баргузор гардид. Таҷҳизотҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон дар доираи Барномаи кумакҳои грантии “Кумаки бидуни баргашт барои амнияти инсонӣ дар сатҳи маҳаллӣ (GGP) ва Лоиҳаи “Беҳтарнамоии таҷҳизотҳои тиббӣ дастрас гардид.

Дар чорабинӣ Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷопон ҷаноби Фудзии Хисаюки, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, сардори Шуъбаи ислоҳот ва кумаки аввалияи тиббию санитарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маннонов О.М., намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва кормандони марказ иштирок намуданд.

Ин кумаки хайрхоҳона бо мақсади тақвият бахшидан ба қобилияти марказ дар расонидани хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва таълимии тибби оилавӣ амалӣ гардид. Дар доираи Лоиҳа марказ бо таҷҳизотҳои муосири ташхисиву табобатӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои ултрасадо, рентгени сайёр, ЭКГ, дастгоҳи стоматологӣ, ЭЭГ ва ғайра муҷаҳҳаз гардид.

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷопон Фудзии Хисаюки зимни суханронии худ зикр намуданд: “Мо умедворем, ки ин кумак на танҳо ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ, балки ба тақвияти низоми омодасозии мутахассисони соҳаи тиб дар кишвар мусоидат хоҳад кард.” Директори МД “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” д.и.т., профессор С. Раҷабзода, барои ин дастгирӣ ба Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ин таҷҳизотҳо на танҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯзиши пайвастаи кормандони тиб мусоидат мекунад, балки барои расонидани ёрии тиббии босифат ба аҳолии маҳаллӣ низ нақши муҳим мебозад. Роҳбари муассиса дар баромади худ қайд намуданд, ки таи даҳсолаҳои охир бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии кишвар бе майлон рушд ёфта истодааст. Дастрасӣ ва сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии мамлакат низ рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст. Инчунин, марказ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ аз дастгириҳои пайвастаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мебошад.