Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ”

Имрӯз, 15-ҳуми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” бахшида ба Рӯзи ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҳамоиши идона доир гашт, ки дар он роҳбарият ва кормандони муассиса ширкат  варзиданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Зимни чорабини гуфта шуд, ки ҳамасола мардуми сарбаланди кишвари азизамон ин санаи муҳиму фархундаро бо шукуҳу шаҳомати хоса  таҷлил менамоянд.

Ҳамчунин баромадкунандагон иброз намуданд, баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, институтии президентӣ нақши ҳалкунанда дар рафъи буҳрони сиёсӣ, барқарор кардани сулҳ ва оғоз бахшидан ба давраи навини давлатсозӣ бозид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд:

«Сулҳ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик аст, ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост».

Маҳз бо чунин сиёсати сулҳпарварона Тоҷикистон тавонист суботи устувор ба даст оварад ва ба марҳилаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ворид шавад. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешбарандаи ташаббусҳои ҷаҳонӣ, хоса дар масъалаҳои обу иқлим, шинохта шудааст. Чунонки Пешвои миллат зикр мекунанд:

«Тоҷикистон ҳимоягари сарчашмаҳои ҳаёт об ва табиат мебошад».

Дар дохили кишвар низ пешрафтҳои назаррас ба амал омаданд:

тадриҷан амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишвар;

рушди энергатика ва инфрасохтори миллӣ;

болоравии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ;

дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани нақши кадрҳои баландихтисос.

Дар ин ҷода нақши сарвари давлат, ки ҳамеша ба таълиму тарбия, ҳифзи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса доранд, басо назаррас аст. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд:

«Мо бояд барои наслҳои оянда Тоҷикистони обод, қавӣ ва рақобатпазир гузорем».

Имрӯз, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо ҳамчун шаҳрвандон масъулияти худро дар роҳи ҳифзи сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар тараққиёти давлат бештар дарк мекунем ва бо ин суханони Пешвои миллат чорабиниро ҷамъбаст намудем:

«Ояндаи кишвар аз меҳнат, ватандорӣ ва садоқати ҳар яки мо вобаста аст».