ТАҶЛИЛИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МД «МҶТКТО»
Дар самти фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ Душанбе, 7 апрели соли 2022 – Иттиҳоди Аврупо (ИА), Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ), Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимии клиникии тибби оилавӣ»-и (МД «МҶТКТО») Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ як қатор чорабиниҳо гузарониданд. Чорабиниҳои МД «МҶТКТО» аз ҷониби лоиҳаи «BaSIC – Таъсиси системаи ҳамгироишудаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ИА ва BMZ ҳаммаблағгузорӣ мешавад ва бо GIZ дар амал татбиқкунанда, дастгирӣ карда шуд.Лоиҳаи BaSIC як қисми Барномаи рушди тандурустии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мебошад.…
Истиклолият неъмати бебаҳост
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 33-сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва…
Таҷлили Рўзи кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ба зодрўзи олими бузург ва барҷастаи тоҷик файласуф ва ҳаким Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино
Иди Касбии Кормандони Тибби Тоҷикистон, ҳар сол 18 август қайд карда мешавад. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶТ аз 4 апрел. 1994 сол таҳти №229 тасдиқ карда шудааст. 18 август зодрӯзи олими бузурги тоҷик, файласуф ва ҳаким Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Донишмандони гузаштаи мо тавассути эҷоду осори пурҳикматашон мардумро дар рӯҳияи инсондӯстию гуманизм тарбият менамуданд. Саҳми нобиғагони тоҷик дар ташаккули фарҳангу ахлоқи аҳли башар басо бузург аст. Намунаи барҷастаи ин гуна зиндагӣ ҳаёт ва фаъолияти яке саромадони табибони ҷаҳон, табиби маъруфу нотакрор Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Абӯалӣ ибни Сино умри пурбаракати худро пурра сарфи омӯхтани илм намуд. Ӯ дар муддати начандон зиёд тавонист асрори нуҳуфтаи илми тибро ошкор намояд…
Маъракаи иттилоотию омӯзиши вобаста ба таҷлили Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҳти шиори«Аз байн бурдани фосила дар синамаконӣ. Дастгирӣ намудани синамаконӣ барои ҳамаи занон»
Дар доираи татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020 — 2024”, бо мақсади таҷлили Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҳти шиори «Аз байн бурдани фосила дар синамаконӣ. Дастгирӣ намудани синамаконӣ барои ҳамаи занон» Аз 1 то 10 августи соли 2024 дар МД.”МҶТКТО” маъракаи иттилоотию омӯзиши гузаронида шуд Ҳамасола моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи «Даҳаи кумак ва дастгирии ғизодиҳи бо шири модар» гузаронида мешавад. Дар соли 1995 собик роҳбари Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Чеймс П.Грант ғизодиҳи бо шири модарро «Инкилоб барои кӯдакон» номида, иброз намудааст. Мутобиқи маълумоти пажуҳишҳо (2016 с.), беҳтаргардонии амалияи синамакони ҳамасола метавонад 823 ҳазор ҳодисаи фавти кӯдакони синни то…
1 ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
Муассисаи давлатии “МҶТКТО” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ҳамасола барои кӯдакони маъюби Амбулаторияи назди Марказ, баҳри баланд бардоштани руҳияи кӯдакон чорабинии маънавию фарҳангӣ баргузор менамояд. Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҷонии фард, ҷомеа ва давлат мебошад. Бо ҳамин асос 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар аксари давлатҳои чаҳон таҷлил мегардад. Таҷлили ин руз ба 1 июни соли 1925 ба Конференсияи байналхалқии фаровонҳолии бачаҳо, ки дар Женева баргузор шуда буд, рост меояд. Соли 1989 дар Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак қабул гардид, ки тибқи тавсияи он ҳимояи ҳуқуқи кўдак бояд дар ҳамаи…
ҶАШНИ “РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАБИБИ ОИЛАВӢ”дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардонии тибби оилавӣ аз соли 1998 оғоз гардидааст. «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (№414, аз 30/09/2021) муҳим будани рушди кумаки аввалияи тиббию санитариро (КАТС), дар асоси амалияи тибби оилавӣ, дар байни афзалиятҳои ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар ин марҳила қарор дод. «Нақшаи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рўи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тадриҷан амалӣ шуда истодааст ва ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани дастрасӣ, сифат, самаранокии маҷмўи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад. Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани раванди рушди тибби оилавӣ дар соҳаи тандурустӣ 20 августи соли 1998 “Маркази…
7 апрел соли 2024 – Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҳти шиори “Саломатии ман-ҳуқуқи ман”
Ин иди муҳим барои ҳар як нафаре мебошад, ки дар бораи саломатӣ, ҷисми солим ва рӯҳи қавӣ ғамхорӣ мекунад. 7 апрели соли 1948 аввалин Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод кард, ки Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ аз таъсиси рӯзи ТУТ таҷлил карда шавад. Аз соли 1950 инҷониб ҳамасола 7 апрел Рӯзҳои умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешаванд. Ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҳти шиори муайян ва дорои мавзӯи мушаххас баргузор мешавад. Мавзӯи 7 апрели соли 2024 «Саломатии ман ҳуқуқи ман аст». Ин шиор ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳуқуқ ба саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон аст, ки татбиқи ҳамаи ҳуқуқҳои дигари мо ба он вобаста аст. Ҳама одамон, сарфи назар аз нажод, миллат, ҷинс…
БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Аҳли ҷомеа бояд нисбат ба ин зуҳурот бетараф набуда, дар якҷогӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид намуданд, ки: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои…
ҶАЛАСАИ КОРӢ
Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9-уми марти соли 2024 сурат гирифт, Директори муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ муҳтарам Раҷабзода Салоҳидин бо маъмурият ва кормандони муассиса ҷаласа доир гашт. Тавре гуфта шуд, зимни мулоқоти пурмуҳтавои хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маънавиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа, аз ҷумла ба масъалаву мушкилоти дар ин самт ҷойдошта низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Бинобар ин, зикр гардид, ки вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона…
Оё фарбеҳӣ беморӣ аст
Фарбеҳӣ яке аз масъалаҳои афзалятноки соҳаи тандурустӣ буда, солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, он тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон намудааст. Зеро оқибати он ба оризаҳои зиёди бархе аз бемориҳо ва камумрӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки дар организм бо миқдори зиёди чарб, ки бо вайроншавии мубодилаи моддаҳои дохили буня алоқамандӣ доранд, захира мегардад ва ба зиёдшавии вазни бадан нисбат ба меъёрҳои қабулгардида арзёбӣ мешавад ва онро ба гурӯҳи бемориҳои музмин шомил намудаанд. Аз ин лиҳоз, онро ба гурӯҳи бемориҳои синдроми метаболикӣ ворид сохтаанд ва тибқи Таснифоти байналмиллалии бемориҳо (ТББ-10) бо рамзи E66 ташхисгузорӣ карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки назар ба дигар бемориҳо, бемории фарбеҳӣ,…
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар МД “МҶТКТО”
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар МД “МҶТКТО”