• Хабарҳо

    ТОЗАГИ-ГАРАВИ САЛОМАТӢ

    Дар муассиса шанбегии умумӣ гузаронида шуда, дар он 31 нафар иштирок намуданд, аз он ҷумла: 2. Аз алафҳои бегона тоза намудани гулгаштҳои саҳни ҳавлӣ ба масоҳати 56 м2; 3. Аз партовҳо тоза намудани гирду атрофи муассиса ба масоҳати 0,037га ; 4. Баровардани партовҳо ба миқдори 0,001м3; 5. Ба тартиб даровардани ҳуҷрахои корӣ синфхонаҳо ба миқдори 19 адад.

  • Хабарҳо

    Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ.

    Ҳамасола 1 июн дар саросари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешава. Рӯзи хифзи кӯдакон мохи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.

  • Низомнома

    Заминаи моддиву техникӣ

    Айни замон, дар ҷумҳурӣ 15 марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ фаъолият менамоянд (як Маркази ҷумҳуриявӣ, се маркази вилоятӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд) ва 11 шўъбаҳои таълимию клиникии тибби оилавии шаҳру ноҳияҳо (шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Кўлоб, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Данғара, Шаҳритус, Рашт, Шаҳринав ва Рўдакӣ). Дар баробари ин, баҳри беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор ва баланд бардоштани заминаи моддию техникии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири ҷории бинои асосӣ ва пойгоҳи клиникии Марказ (дар заминаи Маркази саломатии №3-и Раёсати тандурустии ш.Душанбе) ба итмом расонида шуда, бо маҷмўи овезаҳо, таҷҳизотҳои ташхисию табобатӣ, компютерӣ, нусхабардорӣ ва таълимию аёнӣ гардидаанд.

  • Хабарҳо

    Нақши иммунизатсия дар таҳкимбахшии саломатии кўдакон ва ҷомеъа

    Дар доираи нақша чорабиниҳои марказ оид ба баланд бардоштани марифати тиббӣ ва масъуляити аҳолӣ оид ба масъалаҳои саломатӣ аз тарафи гуруҳи кории марказ бо сарварии Аминов О.Т. муовини диркектор ва сардори шуъбаи ташкилию дастурӣ Раупов Ф.О. дар масҷиди маҳаллаи Каламишкор, ки ба ҳудуди хизматрасонии марказ дохил мешавад дар санаи 30 марти соли равон пеш аз оѓози намози ҷумъа ба аҳли ҷамъомадагон дар масъалаи «Нақши иммунизатсия дар таҳкимбахшии саломатии кўдакон ва ҷомеъа» маълумот дода шуд.