Без рубрики,  Хабарҳо

АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲ МОҲИ СОЛИ 2022 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Имрӯз, 15 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ҷаласа, вобаста ба натиҷагири аз фаъолияти 9 моҳи соли 2022 ва нақшаҳо барои то охири соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он Раҷабзода Салоҳидин, директори марказ, муовинон, сардорони шӯъбаҳои байниноҳиявӣ  ва дигар кормандони марказ иштирок намуданд.

Директори марказ вобаста ба фаъолияти марказ ва зерсохторҳои он дар 9 моҳи соли равон баромад намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати таълим, боздид намудани барномаҳои таълимӣ, истифода намудан аз методҳои ҷадидӣ таълим ба шунавандагон, таъмиру тармими биноҳои муассисаҳои зерсохтор, омодагӣ ба давраи зимистон, одоби муоширати кормандони тиби амбулаторияи назди марказ, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра тавсияҳо ва супориш дода шуд.