Без рубрики

ЧОРАБИНИИ ТАНЪТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН” ТАҲТИ УНВОНИ «КӮДАКОН ОЯНДАИ МОВУ ШУМО» ДАР МД “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ”

Муассисаи давлатии “МҶТКТО” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ҳамасола барои кӯдакони маъюби Амбулаторияи назди Марказ, баҳри баланд бардоштани руҳияи кӯдакон чорабинии маънавию фарҳангӣ баргузор менамояд.

Имрӯз 1 июн дар ҷаҳон  73-умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Cоли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин ид дар 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад

Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд эътироф гардид. Баъдан соли 1989 ин ташкилот Созишномаи ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ кард, ки вазифа ва уҳдадориҳои ҳама давлатҳоро нисбат ба шаҳрвандони ноболиғашон муайян намуд. Дар ин ҳуҷҷат ӯҳдадориҳои калонсолон ва ҳуқуқи кӯдакон сабт гардидаанд. Конвенсия дар бораи қуқуқҳои кўдак соли 1993 ба тасвиб расид ва ўҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия ќайдшуда ба зимма гирифт. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд КӮДАК ба шумор меравад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намудаанд: “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ӯ аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон ва пиронсолон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад. Таҷлили ин ҷашн ба хотире роҳандозӣ гардидааст, ки насли калонсол таваҷҷўҳи бештар ба кўдакон ва тақдири ояндаҳои онҳо дошта бошанд.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Бинобар ин ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, зеро саломатии аҳолӣ ва хусусан насли наврас яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Бо ташабусси роҳбари муассисаи мазкур Устоди гиромиқадр, инсони дурандешу донишманд, муҳтарам Раҷабзода С.Р.  баҳри хушболии ин дустрӯягон  тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.