БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ИТТИЛООТНОКИИ АҲОЛӢ-ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ БО ВАКСИНА ИДОРАШАВАНДА!
Масъалаи ҳифзи солимии аҳолӣ, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад,. Ҳамакнун паҳншавии босуръати бемории сирятии COVID-19 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, ягона роҳи эмин мондан аз сирояти бемории сирятии COVID-19 гирифтани ваксина зидди ин беморӣ мебошад. Вобаста аз суханҳои дар боло зикршуда, дар доираи нақша чорабиниҳои марказ оид ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва масъуляити аҳолӣ оид ба масъалаҳои саломатӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо роҳбарии директори МД “МҶТКТО” Раҷабзода С.Р ва сардори Шӯъбаи дастурию методӣ Раҳимзода Абдуаҳад дар масҷиди маҳаллаи Каламишкор, ки ба ҳудуди хизматрасонии марказ дохил мешавад дар санаи 16 августи соли равон пеш аз оѓози намози пешин бо имомхатиб ва аҳли ҷамъомадагон дар масъалаи «Нақши иммунизатсия ва аҳамияти он дар давраи пандемияи сирояти COVID-19» маълумот дода шуд.
Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур дар шароити пандемияи сирояти COVID-19 ин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ вобаста ба хатар ва пешгирии бемории COVID-19, нақши иммунизатсия дар таҳкимбахшии саломатии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, ташакули тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 мебошад. Бояд донист, ки ваксина позаҳр барои коҳиш додани сатҳи беморшавӣ ва пешгирии фавти аҳолӣ буда аз шаҳрвандон дарки масъулиятро такозо менамояд. Танҳо бо роҳи гирифтани ваксина метавон худ ва наздиконро аз сироят эмин намуд. Таъмини солимии худ кафолати сиҳатии оила ва ҷомеа ва давлат аст.