Хабарҳо

НАҚШИ ИММУНИЗАТСИЯ ДАР ТАҲКИМБАХШИИ САЛОМАТИИ КЎДАКОН

Дар доираи нақша чорабиниҳои марказ оид ба баланд бардоштани марифати тиббӣ ва масъуляити аҳолӣ оид ба масъалаҳои саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, ки бо ваксина идора карда мешавад аз тарафи сардори шуъбаи дастурию методӣ  Раҳимзода Абдуаҳад дар масҷиди маҳаллаи Каламишкор, дар санаи 11 марти соли 2022 пеш аз оѓози намози ҷумъа дар масъалаи «Нақши иммунизатсия дар таҳкимбахшии саломатии кўдакон» дар мавзӯи бемории сироятии “Сурхча” маълумот дода шуд.

Сурхча — бемории сироятии тезпаҳншаванда буда, онро вирус ба вуҷуд меорад. То ҳол сурхча яке аз сабабҳои муҳимтарини фавти кӯдакон дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Зиёда аз 95%-и ҳодисаҳои фавти кӯдакон аз сурхча дар кишварҳои дорои даромади пасти аҳолӣ ва инфрасохторҳои заиф ба қайд гирифта мешаванд. Азбаски беморй тезпаҳншаванда мебошад, он дорои тамоюли (тенденция) пайдоиши эпидемияҳоро бо нишондоди баланди фавт дорад, махсусан дар ингуна шароитҳо ба монанди лагерҳои гурезаҳо.

Бемории сурхча бемориест, ки онро маҳв кардан мумкин аст, чунки барангезандаи (вируси) сурхча танҳо як серотип дорад ва бар зидди ӯ ваксинаи таъсирбахш мавҷуд аст.

Барангезанда

Вируси сурхча аз қабилаи Морбилливирусҳо буда, ба оилаи парамиксовирусҳо таалуқ дорад. Ӯ шакли курашакл дошта, андозааш 120—230 нанометр мебошад.

Вируси сурхча дар шароити беруна пуртоқат нест. Дар ҳарорати хона баъди 3-4 соат нобуд гашта, хосиятҳои патогениашро аз даст медиҳад, аз таъсири нурҳои офтоб ва ултрабунафш зуд нобуд мегардад.

Роҳҳои асосии гузариш

Паҳншавии сироят ба воситаи роҳҳои ҳавогӣ-қатрагӣ буда, вирус аз бадани бемор ба воситаи луобҳои пардаҳои луобии бинӣ, биниҳалқ, роҳҳои болоии нафас ба берун паҳн мегардад. Паҳншавии беморӣ ба воситаи сулфа ва атса сурат мегирад.

Сироятёби ба сурхча ниҳоят баланд мебошад. (Индекси сироятнокӣ баробари 96-98%). Баъди гузаронидани беморӣ дар организм масунияти устувор боқӣ мемонад.

Одамони гирифтори бемории сурхча, метавонанд дигаронро дар давоми чор рӯз пеш ва чор рӯз пас аз пайдоиши нишонаҳо (доначаҳои сурх, ҳароратбаландӣ) сироят кунанд. Ин беморӣ ба осонӣ дар ҷойҳои ҷамъоварии хурдсолон ва кӯдакон, мисол дар муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо ё боғчаҳо паҳн мешавад.

Ҳолатҳои сурхчаи модарзодӣ дар баъзе кӯдаконе во мехӯранд, ки ҳангоми таваллуд модарашон бемор асту кӯдакро сироят медиҳад.

Ҷараёни клиникӣ

Давраи ниҳонӣ 8-14 рӯзро ташкил медиҳад (дар ҳолатҳои нодир то 17 рӯз). Оғози шадвди беморӣ бо аломатҳои зерин авҷ мегирад:

—        баландшавии ҳарорати бадан то ба 38°С—40°С;

—        сулфаи хушк;

—        рафтани оби бинӣ (насморк);

—        рӯшноитарсй;

—        атса задан;

—        гирифтани овоз;

—        дарди cap;

—        варамии милкҳои чашм ва сурхшавии онҳо;

—        сурхшавии гулӯ ва энантемаи сурхчамонанд — пайдоиши доғҳои сурх дар қисмҳои коми нарм ва сахти даҳон.

Дар рӯзи 2-юми беморӣ, дар пардаҳои луобии рухсораҳо аз қисми дохилии даҳон, дар минтақаи молярӣ доғҳои хурди сафедтобе, ки гирди он бо канораи борики сурх иҳота шудааст, пайдо мешаванд: инҳо доғҳои ба ном Белский-Филатови-Коплик мебошанд, ки нишонаҳои ба бемории сурхча хосро шаҳодат медиҳад.

Доначаҳои сурхча (экзантема) дар рӯзҳои 4-5-уми беморӣ, аввал дар рӯй, гардан ва дар паси гӯш пайдо мешаванд, рӯзи дигар қисми болоии баданро иҳота мекунанд ва дар рӯзи 3-юми беморй бошад доначаҳо қисмҳои қадкунии дасту пойҳоро, аз ҷумла ангуштҳоро мепӯшонанд. Доначаҳо аз папулаҳои хурд иборатанд, ки бо доғҳо иҳота шудаанд ва ба ҳам омехта мешаванд (ин фарқияти хоси доначаҳои сурхча аз доначаҳои гулафшон мебошад, ки ҳангоми гулафшон доғҳо бо хам омехта намешаванд).

Ҷараёни клиники

Давраи ниҳонӣ 8-14 рӯзро ташкил медиҳад (дар ҳолатҳои нодир то 17 рӯз). Оғози шадвди беморӣ бо аломатҳои зерин авҷ мегирад:

  • баландшавии ҳарорати бадан то ба 38°С—40°С;
  • сулфаи хушк;
  • рафтани оби бинӣ (насморк);
  • рӯшноитарсӣ;
  • атса задан;
  • гирифтани овоз;
  • дарди cap;
  • варамии милкҳои чашм ва сурхшавии онҳо;
  • сурхшавии гулӯ ва энантемаи сурхчамонанд — пайдоиши доғҳои сурх дар қисмҳои коми нарм ва сахти даҳон.

Дар рӯзи 2-юми беморӣ, дар пардаҳои луобии рухсораҳо аз қисми дохилии даҳон, дар минтақаи молярӣ доғҳои хурди сафедтобе, ки гирди он бо канораи борики сурх иҳота шудааст, пайдо мешаванд: инҳо доғҳои ба ном Белский-Филатови-Коплик мебошанд, ки нишонаҳои ба бемории сурхча хосро шаҳодат медиҳад.

Доначаҳои сурхча (экзантема) дар рӯзҳои 4-5-уми беморӣ, аввал дар рӯй, гардан ва дар паси гӯш пайдо мешаванд, рӯзи дигар қисми болоии баданро иҳота мекунанд ва дар рӯзи 3-юми беморӣ бошад доначаҳо қисмҳои қадкунии дасту пойҳоро, аз ҷумла ангуштҳоро мепӯшонанд. Доначаҳо аз папулаҳои хурд иборатанд, ки бо доғҳо иҳота шудаанд ва ба ҳам омехта мешаванд (ин фарқияти хоси доначаҳои сурхча аз доначаҳои гулафшон мебошад, ки ҳангоми гулафшон доғҳо бо хам омехта намешаванд).

Вусъатёбии баргардандаи элементҳои доначаҳо аз рӯзи 4-уми пайдоиши онҳо оғоз меёбад: ҳарорати бадан муътадил мегардад, доначаҳо сиёҳтоби қаҳваранг мешаванд, пигментатсия мешавад, пуст партофтан мегиранд (дар ҳамон пайдарпаие, ки пайдо туда буданд). Пигментатсия аз як то 1,5 ҳафга нигоҳ дошта мешавад.

Оризахо

Дар вақти бемории сурхча оризаҳо метавонанд бо кори системаи марказии асаб, системаи нафаскашй ва роҳҳои меъдаву рӯда вобастагӣ дошта бошад, дар байни онҳо: ларингит, круп (стенози ҳалқ), бронхит, трахеит, отит, синусит, пневмонияи ибтидоии сурхча, пневмонияи дуввуми бактериявӣ, энцефалити вобаста аз сурхча, нобиноӣ, ношунавоӣ, кашиши мушакҳо, шикамравй, гепатит, лимфаденит, лимфаденити мезентериалӣ. Яке аз оризаҳои вазнини бемории сурхча ин фавти кӯдак мебошад.

Нишондоди фавт аз бемории сурхча аз ҳама бештар байни кӯдакони синнашон то 12-моҳа мебошад. Омили хатар барои рух додани оризаҳо ва фавт — ин камгизогирӣ ва норасогии вазнини масуният (бо сабаби сирояти ВНМО-и авҷгиранда) мебошад.

Табобат

Табобати махсус барои бемории сурхча вуҷуд надорад. Дар сурати пайдошавии сироятҳои бактериявии гӯш ва пневмония антибиотикҳоро тавсия медиҳанд, Инчунин ғизои дуруст ва истеъмол намудани оби бисёр барои барқарор намудани оби бадан, тавсия дода мешавад.

Дар кишварҳои тарақикарда, бо мақсади пешгирии зарари чашм ва нобиной ба кӯдакони ташхиси сурхча гузашта, ду вояи витамини А-ро бо фосилаи 24 соат тавсия медиҳанд. Қабули витамини А фавти кӯдаконро аз сурхча 50% кам мекунад.

Пешгирӣ (профилактика)

Барои оне ки масунияти табии ба пуррагӣ тавонад мубориза барад, бояд тарзи ҳаёти солимро ба роҳ монанд, гизои хуб ва гуногунро истеъмол кунанд ва ба оби хуби ошомиданӣ таъмин бошанд.

Дигаре аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сурхча — ин гузаронидани иммунизатсия бо истифода аз ваксинаҳои зидди бемории сурхча мебошад.

Бо мақсади пайдо намудани масунияти фаъол зидди бемории сурхча, аз рӯи тақвими миллии иммунизатсия ҳар як кӯдак бояд ду вояи ваксинаи зидди ин бемориро дар синни 12-мохагӣ ва шашсолагӣ кабул кунад.

Масуният

Агар модар пештар ба бемории сурхча гирифтор шуда бошад, кӯдаки навзоди ӯ бо масунияти модарзодӣ ё масунияти ҳосилкардашудаи нофаъол, ки модар тавассути дохилибатнӣ ё ба воситаи шир антителаҳоро ба кӯдак мегузаронад, ба дунё меояд. Чунин масуният давоми 6-9 моҳи аввали ҳаёти кӯдак нигоҳ дошта мешавад; масунияти нофаъол дар кӯдаконе, ки модаронашон ба бемории сурхча гирифтор нашуда буданду дар кӯдаки иммунизатсияро зидди ин беморӣ қабул кардаанд, мӯхдати начандон зиёд нигоҳ дошта мешавад. Дар кӯдаконе, ки бемории сурхчаро гузаронидаанд, масунияти якумра пайдо мешавад.

Тадқиқотҳо нишон додаанд, кӯдаконе, ки вояи якуми ваксинаи зидди сурхчаро дар синни 8-9-моҳагиашон қабул кардаанд, масуният бар зидди ин беморӣ то 89,6% ҳосил шудааст. Кӯдаконе, ки иммунизатсияро зидди сурхча дар синни 11-12-моҳагӣ қабул кардаанд, масунияташон зидди ин беморӣ ба 99% баробар буда, давоми солҳои дароз нигоҳ дошта шудааст.

Инчунин тадқиқотҳо нишон додаанд, ҳолатҳое мешаванд, ки баъзе аз кӯдакон ба вояи якумини ваксинаи зидди сурхча масуният пайдо намекунанд ва ҳангоми ворид намудани вояи дуюми ваксина, яъне реваксинатсия, масунияташон то ба 99% коркард мешавад.