ЧОРАБИНИИ ТАНЪТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН” ТАҲТИ шиори «навои кӯдакон» ДАР МД МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ
Муассисаи давлатии “МҶТКТО” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ҳамасола барои кӯдакони маъюби Амбулаторияи назди Марказ, баҳри баланд бардоштани руҳияи кӯдакон чорабинии маънавию фарҳангӣ баргузор намуд.

Ҳамасола 1 июн дар сар то сари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи хифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.

Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Конвесия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосиии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардидааст ва қариб дар тамоми давлатҳои дунё ба тасвиб расидааст ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кўдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ўҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия ќайдшуда ба зимма гирифт. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд КӮДАК ба шумор меравад. Бояд қайд намоем, ки дар моддаи 34 Конститутсияи ҶТ муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Имрӯз мо бори дигар эҳсос намудем, ки дунё бо табассуми кӯдак зебост. Бигузор ҳар як кӯдак хушбахт, солим ва сарбаланд бимонанд. Дар фарҷоми чорабини бо ташабусси роҳбари муассисаи мазкур Устоди гиромиқадр, мухтарам Раҷабзода С.Р. баҳри хушболии ин дустрӯягон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.




