Хабарҳо

Чорабинии танътанавӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» дар МД Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ

Муассисаи давлатии “МҶТКТО” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ҳамасола барои кӯдакони маъюби Амбулаторияи назди Марказ, баҳри баланд бардоштани руҳияи кӯдакон           чорабинии маънавию фарҳангӣ баргузор менамояд.

Ҳамасола 1 июн дар сар то сари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи хифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.

Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Конвесия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосиии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардидааст ва қариб дар тамоми давлатҳои дунё ба тасвиб расидааст ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кўдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи қуқуқҳои кўдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ўҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия ќайдшуда ба зимма гирифт. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд КӮДАК ба шумор меравад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намудаанд:

“Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад.

Пеш аз ҳама дар моддаи 34 Конститутсияи ҶТ муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Инчунин моддаи 38 Конститутсияи ҶТ кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонидааст. Мувофиқи моддаи 24 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарор барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи системаи тандурустӣ созии саломатӣ эътироф менамоянд.

Бинобар ин ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, зеро саломатии аҳолӣ ва хусусан насли наврас яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Пешгирии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Кӯдакон бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронда шаванд ва ба воситаи эмкунии пешгирикунанда аз бемориҳо ҳифз карда шаванд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ройгони тиббӣ-санитарӣ расонида мешавад. Кӯмаки тиббии фаврӣ дар ҳар муассисаи табобатӣ-профилактории наздик, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва ҳудудӣ, инчунин шакли моликият, ройгон таъмин карда мешавад.


         Бо ташабусси роҳбари муассисаи мазкур Устоди гиромиқадр, муҳтарам Раҷабзода С.Р. ва лоиҳаи «BaSIC – Таъсиси системаи ҳамгироишудаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон», баҳри хушболии ин дустрӯягон  тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ид муборак дустрӯякони азиз!