Хабарҳо

Таҷлили Рўзи кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ба зодрўзи олими бузург ва барҷастаи тоҷик файласуф ва ҳаким Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино

Иди касбии кормандони тибби
Тоҷикистон, ҳар сол 18 август қайд карда мешавад. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶТ аз 4 апрел. 1994 сол таҳти №229(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.11.2016, №1362 дар бораи рӯзҳои ид) тасдиқ карда шудааст. 18 август зодрӯзи олими бузурги тоҷик, файласуф ва ҳаким Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Донишмандони гузаштаи мо тавассути эҷоду осори пурҳикматашон мардумро дар рӯҳияи инсондӯстию гуманизм тарбият менамуданд. Саҳми нобиғагони тоҷик дар ташаккули фарҳангу ахлоқи аҳли башар басо бузург аст. Намунаи барҷастаи ин гуна зиндагӣ ҳаёт ва фаъолияти яке саромадони табибони ҷаҳон, табиби маъруфу нотакрор Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Абӯалӣ ибни Сино умри пурбаракати худро пурра сарфи омӯхтани илм намуд. Ӯ дар муддати начандон зиёд тавонист асрори нуҳуфтаи илми тибро ошкор намояд ва барои табибони оянда роҳ кушояд. Имрӯз асарҳои гаронарзиши Сино дар маъруфтарин донишгоҳҳои дунё мавриди омӯзиши толибилмон қарор гирифтаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ботантана таҷлил мегардад. Кормандони муассисаҳои тиббии љумњурї ин рӯзи воқеан таърихиро дар соли барои халқу миллат фаромӯшнопазир бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ, ниятҳои нек ва руҳбаландии самимӣ таҷлил менамоянд. Онҳо баҳри беҳтар кардани сифати хизмати тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ меҳнати шоёни таҳсинро ба ҷо оварда, бо дастони шифобахш ва суханони нек ба мизоҷон тансиҳатӣ ва дарозумрӣ ҳадя менамоянд.

Дар пайравӣ ба сиёсати дурандешона ва оқилонаи роҳбарияти олии кишвар, хоссатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистони азиз нақши арзишманди хешро гузошта истодаанд. Зикр намудан ба маврид аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ барои хизматҳои бемислу монанди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ дар кишвар як қатор иқдомҳо амалӣ карда шуданд. Давоми солҳои охир маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар мамлакат рушду пешрафт намуда, дар таъмини солимии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Вазорати тандурастӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мақому манзалати табибон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шавад.

Боиси ифтихор аст, ки кормандони соҳа, ки ворисони арзандаи гузаштагони пурифтихори худ мебошанд, бо осору истеъдоди фитриашон дар Тоҷикистон ва берун аз он эътироф шудаанд.

Итминони комил дорем, ки кормандони муассисаҳои тандурустии кишварамон дастовардҳои хешро муттасил афзун намуда, баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи неки ӯ хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.

Бо ҳамин таманниёт кули кормандони соҳаи тибби кишварро ва дар умум ходимони соҳаи тандурустии мамлакатро бахшида ба таҷлили 31-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбӣ “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳният гуфта, ба ворисони фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод, барои Тоҷикистони азизамон осмони софу беғубор, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи ҳамешагиро таманно менамоям.