Мақолаҳо

Оё фарбеҳӣ беморӣ аст

Фарбеҳӣ яке аз масъалаҳои афзалятноки соҳаи тандурустӣ буда, солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, он тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон намудааст. Зеро оқибати он ба оризаҳои зиёди бархе аз бемориҳо ва камумрӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки дар организм бо миқдори зиёди чарб, ки бо вайроншавии мубодилаи моддаҳои дохили буня алоқамандӣ доранд, захира мегардад ва ба зиёдшавии вазни бадан нисбат ба меъёрҳои қабулгардида арзёбӣ мешавад ва онро ба гурӯҳи бемориҳои музмин шомил намудаанд. Аз ин лиҳоз, онро ба гурӯҳи бемориҳои синдроми метаболикӣ ворид сохтаанд ва тибқи Таснифоти байналмиллалии  бемориҳо (ТББ-10) бо рамзи E66 ташхисгузорӣ карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки назар ба дигар бемориҳо, бемории фарбеҳӣ, баръакс, сол то сол рӯ ба афзоиш овардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бемории фарбеҳӣ мавҷуд буда, вақтҳои охир зиёд шудани он Ҳукумати кишварро нигаронӣ намудааст ва ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва ташкилоту сохторҳои гуногун тадбирҳои гуногун андешида шудаанд. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул гардидани “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” таваҷҷуҳи ҷиддӣ ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ буда, амалӣ гардидани ҳадафҳои он метавонад, як қатор чорабиниҳо баҳри коҳиш додани фисади бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалӣ намояд.

Омилҳои асосии хатари пайдоиши фарбеҳӣ

Фарбеҳшавӣ аз бисёр омилҳо вобастагӣ дорад. Аз ҷумла, дар натиҷаи вайроншавии таносуби неруи ба буня воридшуда ва неруи сарфшуда, ки дар натиҷаи фаъолияти фикрию ҷисмонӣ ба амал меояд. Вақте ки номутаносибии байни энергияи истеъмолкардаи бадан ва истеъмоли он бо ғизо ба амал меояд, ин боиси вайроншавии мубодилаи моддаҳо гардида, ба захирашавии чарбу дар ҷисм мусоидат мекунад. Омилҳои асосие, ки ба фарбеҳӣ оварда мерасонанд, инҳоянд: камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, реҷаи нодурусти ғизо, омилҳои ирсӣ, бемориҳои эндокринӣ, (гипоти­реоз, инсулинома), вайропшавии реҷаи ғизогирӣ дар натиҷаи бемориҳои асаб, асабоният, садамаҳои асаб, вайроншавии фаъолияти гипоталамус, истифодаи доруҳои психотропӣ, кортикостероидҳо, антидепрессантҳо ва ғайраҳо мебошад. Инчунин вазни зиёдатии бадан низ омили зиёдшавии хатари бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва фавти беморон вобаста ба баландшавии фишори хун, холестерини умумӣ ва диабети қанд мебошад.

Роҳҳои пешгирии фарбеҳӣ ва табобати он

Пешгирии фарбеҳӣ бояд аз хурдӣ оғоз ёбад. Кӯдакони соли якуми ҳаётро бояд барои истеъмоли дурусти ғизо шароити мувофиқ фароҳам оранд: миқдор, сифат ва вақти истеъмоли ғизоро назорат намоянд. Ҳамчунин микдори чарбуҳои ҳайвонро дар ғизо (гӯшти чарбудор, ҳасибҳо, равғани маска, панирҳои серравған), қанду шириниҳо, нони навъи аъло, ғизоҳои тезтайёр, обҳои рангаи газдорро кам ва микдори маҳсулоти аз ғозҳои ғизоӣ бой, истеъмоли зиёди меваю сабзавотро зиёд намоянд. Вобаста аз ин ба маҳдудияти намаки ошӣ то 5 г ва пешбурди тарзи ҳаёти солим бо машқҳои ҷисмонӣ, ҳавои тоза, ҳаракат, пиёдагардии хамарӯза аз 3 то 8 км, назорати доимии вазни бадан таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, зеро ҳамаи ин гуфтаҳо метавонад барои пешгирии фарбеҳӣ мусоидат намоянд.

         Усулҳои зиёди табобати фарбеҳӣ мавҷуданд ва сараввал бояд ба ташхиси беморӣ: муайян намудани беморӣ, муайян намудани вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва муайян намудани бемориҳое, ки дар натиҷаи фарбеҳӣ сар задаанд, дақиқ аҳмият дод. Муолиҷа; бартараф намудани сабаби асосии беморӣ; парҳез (хусусан аз таомҳои серғизо), варзиши шифоӣ ва истеъмоли маводҳои доруворӣ танҳо бо тависияҳои табибони оилавӣ ё табибони соҳаи маҳдуд.

Якчанд тавсияҳои муфид

Бояд изҳор дошт бемории фарбеҳӣ ба инкишофи бемориҳои гуногун мусоидат мекунад, ҳамчунин метавонад хатари пайдоиши бемориҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда аз қабили атеросклероз, гипертония, диабети қанд, инсулт, инфаркти миокард, бемориҳои гурда заминагузор бошад. Илова бар ин, фарбеҳӣ метавонад инсонро ба маъюбӣ оварда расонад. Хуб мешуд, ки шахсони дорои вазни барзиёд ва гирифтори бемории фарбеҳӣ рўзномаи вояи ғизо тартиб диҳанд, ки дар он истеъмоли маҳсулоти хўрокворӣ ва таомҳо, ҳаҷму ҳисса ва сабаби истеъмоли онҳо сабт гардад. Бемории фарбеҳӣ табобатшаванда асту барои ин танҳо иродаи қавӣ лозим. Агар имрӯз ба бемории фарбеҳӣ гирифторед, пас бояд роҳҳои пешгирии онро риоя намуду саломатии хешро барқарор кард ва ё агар солимед, пас мебояд меъёрҳои хӯрокхӯриро риоя кард, то ба бемории мазкур рӯ ба рӯ нашавед. Умуман, дар ҳама ҳолат лозим аст, ки муҳофизи солимии худ бошем. Зеро солим будан, худ хушбахтист.

Табиб омӯзгори МД»МҶТКТО» Авезов А.С