Хамкориҳо

Чорабинии танътанавӣ бахшида ба «Даҳаи кумак ва дастгирии ғизодиҳи бо шири модар»

Ҳамасола моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи «Даҳаи кумак ва дастгирии ғизодиҳи бо шири модар»  гузаронида мешавад. Соли равон ин чорабинии сатҳи ҷаҳони таҳти шиори «Фароҳам овардани шароити мусоид барои синамакони дар ҷойи кор» баргузор мегардад, ки дар Чумхурии Точикистон таҷлили он бо фармоиши Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ аз санаи 1 то 25 август ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 1995 собик роҳбари Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Чеймс П.Грант ғизодиҳи бо шири модарро «инкилоб барои кӯдакон» номида, иброз намудааст. Мутобиқи маълумоти пажуҳишҳо (2016 с.), беҳтаргардонии амалияи синамакони ҳамасола метавонад 823 ҳазор ҳодисаи фавти кӯдакони синни то панҷсоларо пешгири намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб, Ҳафтаи дастгирии ғизодиҳи бо шири модар, ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август баргузор мегашт. Соли равон бошад, бо мақсади таваҷҷуҳи фаъоли табақаҳои гуногуни аҳоли, махсусан модарон, падарон, бобову бибиён ва парасторон ин чорабини аз 1-ум то 25-уми август идома меёбад.

Бо назардошти он, ки мавзӯи имсолаи гузаронидани чорабини ба фароҳам овардани шароит барои синамаконии кӯдакон дар ҷойи кор бахшида шудааст, мақсаду моҳияти синамакони аз роҳбарони ташкилоту

идора ва муассисаҳое, ки дар онҳо занони ширмакон фаъолият менамоянд, масъулияти баланди роҳбари ва коргузориро талаб менамояд. Бо назардошти он, ки солимии модар ва кӯдак дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоссаро дорад, роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳоро зарур аст, ки дар ҷойи кори чиҳати муҳайё намудани шароит барои занони ширмакон ҳаматарафа мусоидат намоянд.

Таваллуди кӯдак — хурсандии беканор дар ҳаёти оила ва волидайн мебошад. Аз рӯзи аввали ҳаёт масьалаҳои ғизодиҳӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва руҳии кӯдак, ҳолати саломати ва тарбияи кӯдак ба миён меоянд.

Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон инро баназаре гирифта “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2025″ таҳия намуда дар амал татбик карда истодааст. 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак ин аз рӯзи ҳомиладори то синни 2 солагии кӯдак баҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмони, ақлони-руҳии кӯдаконро дар бар мегирад.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбати тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон гузаронидани вохуриҳо дастрас намудани маводҳои тарғиботию ташвиқоти оиди моҳияти шири модар, тарзҳои дурусти додани шири модар, омӯзонидани занҳои ҳомила ва занҳои ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактики дар ин рӯзҳо мебошад. Дар ташвиқу тарғиботи ин ҳафта гурӯҳҳои дастгирии ғизодиҳи бо шири модар саҳми калон доранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки барои харидори намудани ғизоҳои сунъи маблағҳои зиёд лозим аст. Таҳлилҳои дар муассисаҳои тиббии ҷумҳури дар солҳои охир гузаронида шуда нишон медиҳанд, ки кӯдакони ғизои сунъи истеъмолкунанда то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва норасогии шадиди гизоӣ гирифтор мешаванд. Дар ҷумҳури вазъи саломатии кӯдакон, фавт дар байни онҳо то синни 1-2 солаги ва бахусус аз бемориҳои дарунрав (бемориҳои сироятии меъдаю рӯда) ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурусти мебошад. Тадкикотҳо собит сохтаанд, ки бемориҳои дар боло зикршуда, бештар аз ҳама дар байни кӯдакони синни бармаҳал вомехӯранд, ки ба таври сунъи ё омехта ғизо мегиранд. Сабаби он кӯдакон аз рӯзҳои аввал ва дар давоми аввали ҳаёти худ ғизоро бо воситаи шишача ва пистонак қабул менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки Ғизодиҳи бо шири модар амнияти озуқавориро барои кӯдакони синну соли ширмак таъмин менамояд.

Бартарияти шири модар барои кӯдак ва модар аз инҳо иборат мебошанд:

-тамоми маводҳои ғизоии барои кӯдак зарурро дорад;

-осонҳазм буда, организми кӯдак самаранок истифода мебарад;

-кӯдакро аз сироятҳо муҳофизат мекунад;

-химояи дарозмуддатро аз бемориҳои музмини ғайрисирояти (аз ҷумла фарбеҳӣ, фишорбаландӣ ва диабет) таъмин мекунад

-нисбат ба ғизои сунъӣ арзон аст;

-ба модар кӯмак мекунад, ки бо кӯдак тамос (наздик, муносибати

меҳрубонона) мукаррар намояд;

-ба рушди кӯдак мусоидат мекунад;

-саломатии модарро ҳифз менамояд;

-ба бачадон кӯмак мекунад, ки ба хаҷми пешинааш баргардад, ки хунравиро кам ва камхуниро пешгири менамояд;

-хатари ба вуҷуд омадани саратони тухмдон ва синаҳоро дур созад.

-Ба ғайр аз ин, шири модар бартариятҳои муҳими руҳи дорад, чи барои модар ва чи барои кӯдакон тамоси зич дарҳол пас аз таваллуд ба модар ва кудак имкон медиҳад, ки робитаи эмотсионалӣ ба вучуд оранд ва ба модар кӯмак мекунад, ки эҳсосоти қаноатмандиро хис кунад;

-кӯдаконе, ки шири сина мемаканд, одатан кам гиря мекунанд;

баъзе тадкикотхо нишон медиханд, ки синамаконӣ ба рушди зеҳнии кӯдак мусоидат мекунад. Кӯдакони бо вазни кам таваллудшуда, ки дар ҳафтаҳои аввали ҳаёташон шири сина хурдаанд, дар синни калонтар нисбат ба кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ мегиранд, дар санҷишҳои зеҳнии баъди фаъолтаранд.

Дар қиёс бо синамаконӣ, ғизодиҳии сунъи метавонад аз модар кӯшиши бештареро талаб кунад, то бо кӯдак робитаи эмотсионали ба роҳ монда шавад. Кӯдаке, ки ғизои сунъӣ мегирад, хатари баланди пайдоиши бемориҳои дарунрав, роҳҳои нафас ва дигар сироятҳоро дорад.

Дар кӯдаки шумо эҳтимол бемориҳои аллергики бештар пайдо шаванд, аз ҷумла экзема ва астма (диққи нафас). Дар кӯдак метавонад ба шири ҳайвонот таҳаммулнопазири пайдо шавад, бинобар ин чунин шир боиси дарунравӣ, бусурот ва дигар аломатҳо мегардад. Дар кӯдак хатари пайдоиши баъзе бемориҳои музмин зиёд мешавад, ба мисли диабет. Агар кӯдакро бисёр ғизо диҳанд, баъдтар дар вай метавонад фарбеҳи ба вуҷуд ояд. Дар модаре, ки шири сина намедиҳад мумкин аст ҳомиладории нав барвақттар ба амал ояд. Илова бар ин, эҳтимоли камхуни пас аз таваллуд бештар аст. Дар вай инчунин, эҳтимолияти пайдоиши саратони тухмдон ё ғадуди сина баланд мешавад.