Хабарҳо

1 ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Муассисаи давлатии “МҶТКТО” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ҳамасола барои кӯдакони маъюби Амбулаторияи назди Марказ, баҳри баланд бардоштани руҳияи кӯдакон чорабинии маънавию фарҳангӣ баргузор менамояд.

Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҷонии фард, ҷомеа ва давлат мебошад. Бо ҳамин асос 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар аксари давлатҳои чаҳон таҷлил мегардад.  Таҷлили ин руз ба 1 июни соли 1925 ба Конференсияи байналхалқии фаровонҳолии бачаҳо, ки дар Женева баргузор шуда буд, рост меояд.

Соли 1989 дар Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак қабул гардид, ки   тибқи тавсияи он ҳимояи ҳуқуқи кўдак бояд дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон риоя гардад. Дар соси ин ҳуҷҷат ҳамаи онҳое, ки ба синни 18 нарасидаанд кўдак ҳисобида мешаванд. Тибқи моддаи 2 ҳуҷҷати мазкур: «Ҳамаи кўдакон новобаста аз ҷинс, сину сол, эътиқоди динӣ ва ранги пуст баробарҳуқуқанд». Аз таърихи 2 сентябри соли 1990 Конвенсияи мазкур ҳукми амал пайдо кард ва нуқтаи муҳими он кўшишҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли қариб 70 сол барои таъмин ва эътирофи ҳуқуқи кӯдакон саъй намуда буданд.

Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1993 ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Конвесия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст.    

Ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон вазифаи муҳими давлат ва яке аз афзалиятҳои асосии  сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд. Рӯзи ҳифзи кӯдакон аҳамияти кӯдаконро дар ҳаёт ва ҷомеаи мо ҳамчун узви муҳими ҷомеа таъкид мекунад ва вазифадор мекунад, ки ҳар як кӯдак бояд ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва муҳити бехавф барои ба воя расидан дар он дастрасӣ дошта бошад. Дар ин рӯз маъмулан   чорабиниҳои гуногун, аз қабили озмунҳои расмкашӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва  ғайра баргузор мешаванд. Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаёти солими кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта кӯдакон ба таҳсил ва ғамхори ба онҳо, хамчун ба пояи асоси ояндасози миллат, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад.  

Додани илму дониш ва тарбияи накў ба кудакон вазифаи авалиндараҷаи волидайн, ҷомеа ва давлат дар нисбати кудакон   мебошад. Дар ин ҷода дар кишвар ҳама шароит барои таълиму тарбия ва донишандузии кудакон муҳайё гардидааст. Ҳамасола даҳҳо муассисаҳои таълимии муҷаҳҳаз ба шароитҳои ҳозиразамон ба истифода дода шуда истодааст.  

Китоб барои кӯдакон на танҳо манбаи иттилоот, балки равзанаи ҷаҳони навест, ки пур аз сафарҳову кашфиётҳои аҷиб мебошад. Китоб дониш дода, тафаккур, тасаввурот ва нутқро рушд медиҳад, аммо аз ҳама муҳим – эҳсосро бедор месозад: дӯст доштан, фарқ кардани некию бадиро таълим медиҳад.

Ғамхориҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳимояи манфиатҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст. Таҷлили ин ҷашн ба хотире роҳандозӣ гардидааст, ки насли калонсол таваҷҷўҳи бештар ба кўдакон ва тақдири ояндаҳои онҳо дошта бошанд.

Бо ташабусси роҳбари муассисаи мазкур Устоди гиромиқадр, инсони дурандешу донишманд, муҳтарам Раҷабзода Салоҳидин Раҷаб  баҳри хушболии ин дустрӯягон  тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.