Ҳамасола моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи «Даҳаи миллии ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон» гузаронида мешавад. Соли равон ин чорабинии сатҳи ҷаҳони таҳти шиори «Афзалият додан ба синамаконӣ» баргузор мегардад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили он бо фармоиши Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ аз санаи 1 то 10 август ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли 1995 собик роҳбари Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Чеймс П.Грант ғизодиҳи бо шири модарро «инкилоб барои кӯдакон» номида, иброз намудааст. Мутобиқи маълумоти пажуҳишҳо (2016 с.), беҳтаргардонии амалияи синамакони ҳамасола метавонад 823 ҳазор ҳодисаи фавти кӯдакони синни то…