
Абуали ибни Сино-нобиғаи илми тиб
Абуали Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё машҳур бо номи Абуалӣ ибни Сино 16 августи соли 980 дар деҳаи Афшона наздики Бухоро ба дунё омада соли 1037 дар Ҳамадон вафот кардааст. Ӯ яке аз бузургтарин донишманд, табиб, ахтаршинос, кимиёшинос, геолог, табиатшинос, полеонтолог, равоншинос, файласуф, риёзишинос ва муаллими бузурги форсу тоҷик ба шумор меравад. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навишта ва то замони мо 150-тояш дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар мавзуи илми тиббӣ мебошад. Маъруфтарин асарҳои ӯ дар соҳаи илми тиб китоби «Ал-Шифо» ва «Ал –Қонун» мебошад, ки дар саросари ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Абуалӣ дар ҷаҳон яке аз пурмаҳсултарин олим ва адиб эътироф гаштааст. Падари Сино Абдулло, ки яке аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Абуалиро ба мактаб монд, вай аз панҷсолагӣ то даҳсолаги хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхта илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, хатотӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсол инҳо дохил мешуданд, ниҳоят Сино Қуръонро омӯхта онро ҳифз намуд. Ба ҳамин тариқ у то 12-солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Ибни Сино аз пайи такмили илму маърифат гашт. Фаъолияти эҷодияш аз сини 17-18 солагӣ дар солҳои 996-997 оғоз шуда 40-сол давом кардааст. У дорои асарҳои назмӣ ва насрӣ мебошад, ки онҳоро бо забони арабӣ ва тоҷикӣ эҷод намудааст. Осори Абуалӣ ниҳоят зиёд буда,аз руи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури Эрон Саид Нафисӣ миқдори асарҳои у ба 456 мерасад, ки аз ҷиҳати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чанд ҷилда иборат аст. Асари «Китобулинсоф», «Лисонулараб», «Алҳосил вал маҳсул», «Наҷот», «Китобушшифо»-дар 18 ҷилд ва «Алқонун» -дар 5-китоб эҷод шудаанд, кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомули улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таьрихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои уро метавон ба 4-гуруҳ тақсим кард, 1-асарҳои доир ба ҳикмат, 2-асарҳои оид ба тиб, 3-асарҳои доир ба илми дақиқ, 4-асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат. Абуали ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳот арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз тафсиргарони асосии Арасту буд), илми пизишкии Эрони бостон Баҳнаннаҳрайн ва Ҳиндӣ бостон сарчашма гирифта онҳоро ҳамчоя андӯхтааст. Абуалӣ илми тибро аз Абумансу Ҳасан камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нуҳ ибни Мансур буд ,омӯхт. Аслану омузиши илми тибро дар 12- солагӣ шуруъ карда буд ва аз 16-солагӣ ӯ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Сино ҳамчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болинӣ шумурда мешавад. Ибни Сино бо хоҳиши яке аз дустони бисёр наздикаш ба таълифи китоби «Алқонун» мегузарад ва дар он вақт да дар давлати Гургони Эрон қарор дошт дар он ҷой ба итмом мерасонад. Хадафи Абуалӣ ибни Сино аз таълифи ин китоб чуноне, ки худи ӯ ёдовар мешавад, ин будааст, ки муҳимтарин қонуну қоида ва асосҳои илми тибро ба қадре ки донистани он барои ҳар табиб ногузир аст ба таври бисёр муҷаз дар як китоби мухтасар гирд оварад. Абуалӣ дар баробари фаъолиятҳои илмии хеш ҳамчунин барои тарбияту табобати аҳли башар хидмати арзанда кардааст. Ибни Сино ташкили ҷомеаи солимро ба вуҷуди ҷисми солим вобастамедонист. Вай барои дармони беморӣ аз ҳеҷ равиши муфидхуддорӣ намекард.Удар замони хеш таблиғгари густариши огоҳию ақлоният дар миёни оммаи мардум буд. Чигунае, ки худи у гуфтааст «Агар барои як хато ҳазор далел биёваред, дар ҳақиқат ҳазору як хато аз худи шумо сар задааст». Ин фарзия худ далели гароиши ӯ ба ақлоният мантиқ мебошад. Абуалӣ ибни Сино яке аз шоирони пурмасъулият, талошкори саломатии бани одам ва тарбиятгари насли ояндаи хеш буда, дар ҳаёти худ нақши муҳим гузоштааст. У бо хираду заковати худ ба ба насли ояндаи аҳли башар асарҳои тарбиявӣ, ахлоқи боқи мондааст то ки ҳар хонанда ҳангоми мутолиаи асарҳои у ҳиссиёти рӯҳбахш гирифта, пайравӣ ба суханони ӯ кунанд ва дар ҳаёт аз суханҳои тарбиявии Абуалии Сино истифода баранд.
Китобдори МД “МҶТКТО” — Зубайдзода Шоираи Рустам