ТАҶЛИЛИ РӮЗИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» ТАҲТИ ШИОРИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ШУКУФОИИ ВАТАН»
Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи Тоҷикистон буда, унсури асосии ҳар як давлати мустақил — соҳибихтиёрӣ, амният ва суботи сиёсии онро ташкил менамояд.

Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи муосири халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истирори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз хотима бахшид. Ин рӯйдод на танҳо миллати моро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз нестшавӣ наҷот дод, балки нишон дод, ки халқи тоҷик соҳиби хиради азалӣ, фарҳанги баланди сулҳхоҳӣ ва таҳаммулпазирӣ мебошад.

Имрӯз, ки мо дар остонаи 29-солагии ин санаи бузург қарор дорем, хуб дарк мекунем, ки ягон соҳаи ҷомеа бе мавҷудияти сулҳу субот рушд карда наметавонад. Вобаста аз ин ҳар сол дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ ва варзишӣ баргузор мегарданд. Ин рӯз ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ таҷлил мешавад.
Дар солҳои истиқрори сулҳ Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор ноил гардид. Сохтмони роҳҳо, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои тиббӣ маҳз дар сояи сулҳу ваҳдат имконпазир гардиданд

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки «Ваҳдати миллӣ барои мо омили асосии рушди устувор, заминаи пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва кафолати ояндаи дурахшони насли оянда мебошад» Танҳо дар шароити оромӣ мо метавонем насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кунем. Ваҳдати миллӣ сарвати бебаҳои халқи тоҷик мебошад.ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдат вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ваҳдати миллӣ танҳо як мафҳуми таърихӣ набуда, балки он як раванди доимист, ки аз ҳар як узви ҷомеа масъулиятро тақозо менамояд.

Тамоми мардуми шарифи кишварамонро ба муносибати фарорасии ин санаи муқаддасу тақдирсози тақвими миллиамон — Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик ва таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як нафари шумо сулҳу оромӣ, осоиштагӣ, файзу баракат, саломатии бардавом, сарбаландӣ ва комёбиҳои навро таманно менамоем!


