Без рубрики

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ба зодрӯзи олими бузург ва барҷастаи тоҷик, файласуф ва ҳаким Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино

Иди касбии кормандони тибби Тоҷикистон ҳамасола 18 август қайд карда мешавад. Ин сана бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1994 таҳти №229 тасдиқ гардидааст. 18 август зодрӯзи олими бузурги тоҷик, файласуф ва ҳаким Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Донишмандони гузаштаи мо тавассути эҷоду осори пурҳикматашон мардумро дар рӯҳияи инсондӯстию гуманизм тарбият менамуданд. Саҳми нобиғагони тоҷик дар ташаккули фарҳангу ахлоқи аҳли башар басо бузург аст. Намунаи барҷастаи ин гуна зиндагӣ ҳаёт ва фаъолияти яке аз саромадони табибони ҷаҳон, табиби маъруфу нотакрор Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Абӯалӣ ибни Сино умри пурбаракати худро пурра сарфи омӯхтани илм намуд. Ӯ дар муддати начандон зиёд тавонист асрори нуҳуфтаи илми тибро ошкор намояд ва барои табибони оянда роҳ кушояд. Имрӯз асарҳои гаронарзиши Сино дар маъруфтарин донишгоҳҳои дунё мавриди омӯзиши толибилмон қарор гирифтаанд.

Барои арҷгузорӣ ба мероси бузурги илмии Шайхурраис ва қадрдонии саҳми арзанда дар рушди илму техника, дар кишварамон Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис дода шудааст. Ин ҷоизаи олии давлатӣ дар соҳаи илм ва техника (аз ҷумла илми тиб ва тандурустӣ) ба олимону табибоне, ки дар кашфиёти илмӣ, коркарди усулҳои нави табобат ва рушди тибби муосир хизмати шоиста ва кашфиёти барҷаста намудаанд, пайиҳам эъто карда мешавад. Аз ҷониби дигар, дар соҳаи тандурустӣ таъсис ва супоридани чунин мукофотҳои олии соҳавӣ эҳтиром ба анъанаҳои қадимии тибби тоҷик ва ҳавасмандгардонии насли ҷавони табибон ба фаъолияти илмиву инноватсионӣ мебошад.

Кормандони муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ин рӯзи воқеан таърихиро дар соли барои халқу миллат фаромӯшнопазир бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ, ниятҳои нек ва рӯҳбаландии касбӣ таҷлил менамоянд. Онҳо баҳри беҳтар кардани сифати хизмати тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ меҳнати шоёни таҳсинро ба ҷо оварда, бо дастони шифобахш ва суханони нек ба мизоҷон тансиҳатӣ ва дарозумрӣ ҳадя менамоянд.

Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мақому манзалати табибон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шавад.

Боиси зикр аст, ки кормандони соҳа, ки ворисони арзандаи гузаштагони пурифтихори худ мебошанд, бо осору истеъдоди фитриашон дар Тоҷикистон ва берун аз он эътироф шудаанд.

Итминони комил дорем, ки кормандони муассисаҳои тандурустии кишварамон дастовардҳои хешро муттасил афзун намуда, баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи неки ӯ хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд. Бо ҳамин таманниёт Шумоён ҳамкасбон, табибони ҳозиқро ба муносибати иди касбиатон табрику таҳният намуда, дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат, файзи рӯзгор ва дар анҷоми рисолати инсондӯстона комёбиҳои беназирро орзу менамоем