35 соли Истиқлолият – заминаи рушди устувори тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, имкониятҳои нав фароҳам овард. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои такмили хизматрасониҳои тиббӣ, рушди инфрасохтор, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тадбирҳои пайваста амалӣ гардиданд.
Яке аз самтҳои муҳимтарини ислоҳот ин рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва татбиқи принсипҳои тибби оилавӣ мебошад. Ҳанӯз соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати гузаронидани ислоҳоти соҳаи тандурустиро таъкид намуда буданд. Ин иқдом минбаъд барои ташаккули модели муосири хизматрасонии аввалияи тиббӣ заминаи боэътимод гузошт.
Воридсозии тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 оғоз гардида, дар муддати зиёда аз ду даҳсола ба самти асосии фаъолияти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ табдил ёфт. Имрӯз табиби оилавӣ ва ҳамшираи тибби оилавӣ дар пешгирӣ, ташхис, табобат, назорати диспансерӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солими аҳолӣ нақши калидӣ мебозанд.
Дар ин давра заминаи мустаҳками меъёрии ҳуқуқии тибби оилавӣ ташаккул ёфта, қонунҳо, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрӣ, ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, меъёрҳои таҷҳизот, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳӣ таҳия ва татбиқ гардиданд.
Дар солҳои Истиқлол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд садҳҳо муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Барои баланд бардоштани имкониятҳои ташхис ва хизматрасонӣ зиёда аз 1855 борхалтаи табиби оилавӣ ва 2158 борхалтаи ҳамшираи тибби оилавӣ дастрас карда шуданд. Ҳамзамон афзоиши музди меҳнати мутахассисони тибби оилавӣ барои баланд бардоштани ҳавасмандии кормандони тиб ва нигоҳдории кадрҳои соҳибтахассус мусоидат намуд.
Дар рушди тибби оилавӣ Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» мавқеи махсус дорад. Аз рӯзи таъсисёбӣ дар соли 1998 марказ ба пойгоҳи асосии омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ табдил ёфт. Бо ташкили марказҳои вилоятӣ ва шуъбаҳои байниноҳиявии таълимию клиникӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дастрасии кормандони тиб ба омӯзиши муттасил беҳтар гардид. Имрӯз ин шабака барои татбиқи сиёсати давлатии рушди захираҳои инсонӣ саҳми назаррас мегузорад.
Яке аз дастовардҳои муҳимтарини солҳои истиқлол рушди низоми таълими баъдидипломии тибби оилавӣ мебошад. Дар давраи солҳои 1998–2026 аз даврҳои бозомӯзӣ 17 933 нафар корманди тиб ва зиёда аз 28 000 кормандони тибби оилавӣ аз даврҳои такмили ихтисос гузаштанд. Ҳамасола ба ҳисоби миёна дар шуъба ва марказҳои таълимию клиникии тибби оилавии ҷумҳур зиёда аз 500 табиб ва 1000 ҳамшираи тибби оилавӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Дар баробари ин зиёда аз 30 барномаи таълимӣ, аз ҷумла Барномаи таълимӣ оид ба омода намудани табиб-омӯзгор аз рӯи ихтисоси “Тибби оилавӣ”-и 11 моҳа, барномаҳои такмили ихтисоси 2 моҳа, 1 моҳа ва кутоҳмуддат вобаста ба масъалаҳои мубрами тиб, аз ҷумла бемориҳои ғайрисироятӣ, бемориҳои сироятӣ, саломатии модару кӯдак, ёрии таъҷилӣ ва нигоҳубини паллиативӣ таҳия ва ҷорӣ карда шуданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мутахассисони тибби оилавӣ дар рушди илм низ саҳми арзанда гузоштаанд. Як қатор табибон рисолаҳои докторӣ ва номзадиро ҳимоя намуда, барои ташаккули мактаби миллии тибби оилавӣ замина гузоштанд.
Бо рушди технологияҳои рақамӣ омӯзиши фосилавӣ, рушди муттасили касбӣ ва низоми кредитии такмили ихтисос тадриҷан ҷорӣ гардида, имконият фароҳам овард, ки кормандони тиб дар минтақаҳои дурдаст низ ба донишҳои муосир дастрасӣ пайдо намоянд.
Ҳамзамон системаи устодӣ барои дастгирии мутахассисони ҷавон роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи салоҳияти касбӣ ва мутобиқшавии онҳо ба фаъолияти амалӣ мусоидат менамояд.
Дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ маҷмӯи протоколҳои клиникӣ таҳия гардида ҳар 5 сол боздид мегарданд. Агар соли 2002 танҳо 20 протоколи клиникӣ мавҷуд бошад, пас дар соли 2020 шумораи онҳо ба 110 протоколи клиникӣ расид. Ин ҳуҷҷатҳо барои ягонагии ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳо дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ заминаи муҳим гузоштанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар панҷ соли охир аз ҷониби мутахассисони муассиса зиёда аз 30 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои ватанӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами тибби оилавӣ ба нашр расонида шуданд. Ҳамзамон, барои таъмини дастгирии методии фаъолияти мутахассисони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ зиёда аз 35 дастури методӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои таълимӣ-методӣ оид ба масъалаҳои гуногуни тибби оилавӣ таҳия, нашр ва ба мутахассисони тибби оилавӣ пешниҳод гардиданд.
Дар солҳои Истиқлол ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи тибби оилавӣ низ тавсеа ёфтанд. Марказ бо муассисаҳои пешбари Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва ва дигар кишварҳо ҳамкорӣ намуда, ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии табибони оилавӣ (WONCA) шомил гардид. Ин ҳамкориҳо барои ворид намудани таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудани хизматрасониҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намуданд.
Имрӯз рушди устувори тибби оилавӣ, таҳкими иқтидори кадрҳо, такмили инфрасохтор, рақамикунонии хизматрасониҳои тиббӣ, ҷорӣ намудани тибби исботшуда ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ шаҳодати он мебошанд, ки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои асосии рушди миллӣ нигаронида шудааст.
Дар остонаи 35-солагии Истиқлолият бо итминон метавон гуфт, ки дастовардҳои ба даст омада барои рушди минбаъдаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таъмини хизматрасонии босифату дастрас ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овардаанд.
Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи солимии модару кӯдак ва таҳкими кумаки аввалияи тиббию санитарӣ як қатор чорабиниҳои муҳими омӯзишӣ, илмӣ ва иттилоотиро амалӣ намуд. Фаъолияти муассиса дар самти ҳифзи солимии модару кӯдак мутобиқи фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои тасдиқгардидаи амалисозӣ ба роҳ монда шуда, татбиқи як қатор барномаҳои муҳими миллӣ таъмин гардид. Аз ҷумла, корҳои амалисозӣ дар доираи «Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2024», «Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023–2027» анҷом дода шуданд. Дар доираи татбиқи ин барномаҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давраҳои омӯзишӣ ва супервизияи дастгиркунанда барои кормандони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баргузор гардиданд. Мавзӯъҳои асосии омӯзишро тарғиби синамаконии бомуваффақият, ғизодиҳии солими кӯдакони синни бармаҳал, нигоҳубини кӯдак дар давраи аввали ҳаёт ва татбиқи модели универсалии ташрифи хонагӣ ташкил медоданд. Ин омӯзишҳо ба баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии мутахассисон, инчунин беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба модару кӯдак равона карда шуданд.
Мутахассисони тибби оилавӣ дар корҳои тарғиботию иттилоотӣ низ иштироки фаъолона доранд. Аз ҷумла, онҳо тавассути барномаҳои телевизионӣ масъалаҳои вобаста ба синамаконӣ, ғизои солими занони ҳомила, ғизодиҳии кӯдакони синни бармаҳал, нигоҳубин ва инкишофи кӯдакро ба аҳолӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Дар баробари ин, мутахассисони муассиса дар таҳия, такмил ва бознигарии маводҳои дастурию методӣ, аз ҷумла дастурҳо оид ба ғизои иловагӣ, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, роҳнамои солимии модару кӯдак ва протоколҳои клиникии вобаста ба норасоии ғизо саҳми назаррас гузоштанд.
Бо мақсади тақвияти иқтидори кормандони соҳаи тандурустӣ, тибқи фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таваллудхонаҳо давраҳои омӯзишӣ дар асоси «Дастур барои омӯзгорон ва иштирокчиён» ва барномаи «Ташаббус оид ба муҳайё намудани шароити мусоид дар беморхонаҳо барои синамаконӣ» гузаронида шуда, масъалаҳои татбиқи даҳ қадами синамаконии бомуваффақият, амалҳои муҳими муассисаҳои тиббӣ, такмили малакаҳои синамаконӣ ва машваратдиҳӣ ба модаронро дар бар гирифтанд. Илова бар ин, мутахассисони соҳа ҳамчун аъзои гурӯҳҳои корӣ ва шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ вобаста ба баланд бардоштани иқтидор дар самти беҳтар намудани ғизо ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятии ба ғизо алоқаманд саҳми арзанда мегузоранд. Ин фаъолиятҳо ба таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар самти солимии модару кӯдак мусоидат менамоянд.
Татбиқи чунин чорабиниҳо дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди тибби оилавӣ, таҳкими иқтидори касбии кормандони соҳа ва беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои солимии модару кӯдак мусоидат намуда, саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат мегузорад. Дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» дар ташаккул ва рушди тибби оилавӣ ҳамчун пояи асосии кумаки аввалияи тиббию санитарии кишвар саҳми назаррас гузоштааст. Бо шарофати омодасозии кадрҳо, таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ, протоколҳои клиникӣ ва маводҳои таълимию методӣ, рушди фаъолияти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, Марказ ба муассисаи пешбари миллӣ дар самти рушди тибби оилавӣ табдил ёфтааст. Дар айни замон натиҷаҳои фаъолияти он ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, таҳкими иқтидори кадрии низоми тандурустӣ ва татбиқи минбаъдаи сиёсати давлатии ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамоянд.


