ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии соҳибистиқлолии кишвар буда, таҷассумгари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, ҳувияти миллӣ, озодӣ, ваҳдат ва ормонҳои созандаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

Қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи давлатдории навини кишвар ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдоди таърихӣ дар давраи мураккаби сиёсиву иҷтимоии мамлакат сурат гирифта, барои ташаккули рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи муҳим гузошт.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии ранга – сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ҳар як ранг ва унсури он дорои маънои рамзии хос буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ормонҳои миллии мардуми тоҷикро ифода менамояд.

Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисориҳои халқ барои озодӣ ва истиқлолият, шуҷоат ва иродаи устувор мебошад. Ранги сафед покӣ, сулҳу осоиштагӣ, нияти нек ва равшании зиндагиро таҷассум менамояд. Ранги сабз бошад, рамзи сарсабзӣ, табиат, ободӣ, шукуфоӣ ва пешрафти кишвар ба ҳисоб меравад. Тоҷ рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ буда, ҳафт ситора ифодагари бахту саодат, камолоти маънавӣ ва ормонҳои неки мардум мебошанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатӣ ба рамзи муҳими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ табдил ёфтааст. Имрӯз он дар тамоми чорабиниҳои муҳими давлатӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ парафшон гардида, ҳамчун нишонаи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.
Яке аз рӯйдодҳои хотирмон дар таърихи муосири кишвар 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе барафрохта шудани Парчами давлатии Тоҷикистон дар баландии 165 метр мебошад. Ин рӯйдод ифодагари эҳтироми хос ба муқаддасоти давлатӣ ва ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон гардид.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ пеш аз ҳама эҳтиром ба Ватан, таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худ мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.
Дар ин раванд, кормандони соҳаи тандурустӣ низ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва касбӣ дар рушди ҷомеа ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳифзи ҳаёту саломатии инсон, расонидани кумаки босифати тиббӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, такмили донишҳои касбӣ ва муносибати инсонпарварона бо беморон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми кормандони соҳаи тандурустӣ мебошанд.
Бояд таъкид намуд, ки саломатии миллат сарвати бебаҳои давлат ва яке аз омилҳои асосии рушди устувори ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ бояд бо меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касбу Ватан дар таҳкими низоми тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳи саломатии аҳолӣ саҳм гузорад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи расмии давлат, балки таҷассумгари таърихи пурифтихор, истиқлолияти миллӣ, ваҳдати мардум ва ормонҳои созандаи наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Он моро ба муттаҳидӣ, созандагӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамояд.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, истиқлолияти давлатӣ пойдор ва сулҳу ваҳдати миллӣ абадӣ бошад!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!


