Хабарҳо

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ БОВАРИИ ҶОМЕА

Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон –Вайсзода Фирдавс Бахтиёр, нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, лейтенанти калони адлия, вохӯрии иттилоотию маърифатӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими принсипҳои шаффофият, масъулиятшиносӣ ва адолат дар фаъолияти хизматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндаи Агентӣ дар баромади худ оид ба моҳият ва оқибатҳои манфии коррупсия, омилҳои ба вуҷуд омадани он, роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва масъулияти шахсони мансабдор барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки пешгирии коррупсия вазифаи танҳо мақомоти ваколатдор набуда, балки масъулияти ҳар як корманди соҳа ва шаҳрванд мебошад. Дар муассисаҳои тандурустӣ риояи одоби касбӣ, муносибати баробар бо муроҷиаткунандагон, истифодаи мақсадноки захираҳо, роҳ надодан ба талабу гирифтани маблағҳои ғайриқонунӣ ва таъмини шаффофияти хизматрасониҳо аҳамияти махсус дорад.

Ҳамчунин, иштирокчиён оид ба зарурати риояи қатъии қонунгузории зиддикоррупсионӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, баланд бардоштани масъулияти хизматӣ ва ташаккули муҳити кории солим мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ принсипҳои қонуният, поквиҷдонӣ, шаффофият ва масъулиятшиносиро риоя намуда, дар пешгирии ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ саҳми фаъол гузорад.

Муқовимат ба коррупсия – масъулияти умумии ҷомеа ва заминаи таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба муассисаҳои давлатӣ мебошад.