БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Аҳли ҷомеа бояд нисбат ба ин зуҳурот бетараф набуда, дар якҷогӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид намуданд, ки: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои…
ҶАЛАСАИ КОРӢ
Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9-уми марти соли 2024 сурат гирифт, Директори муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ муҳтарам Раҷабзода Салоҳидин бо маъмурият ва кормандони муассиса ҷаласа доир гашт. Тавре гуфта шуд, зимни мулоқоти пурмуҳтавои хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маънавиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа, аз ҷумла ба масъалаву мушкилоти дар ин самт ҷойдошта низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Бинобар ин, зикр гардид, ки вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона…
Оё фарбеҳӣ беморӣ аст
Фарбеҳӣ яке аз масъалаҳои афзалятноки соҳаи тандурустӣ буда, солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, он тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон намудааст. Зеро оқибати он ба оризаҳои зиёди бархе аз бемориҳо ва камумрӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки дар организм бо миқдори зиёди чарб, ки бо вайроншавии мубодилаи моддаҳои дохили буня алоқамандӣ доранд, захира мегардад ва ба зиёдшавии вазни бадан нисбат ба меъёрҳои қабулгардида арзёбӣ мешавад ва онро ба гурӯҳи бемориҳои музмин шомил намудаанд. Аз ин лиҳоз, онро ба гурӯҳи бемориҳои синдроми метаболикӣ ворид сохтаанд ва тибқи Таснифоти байналмиллалии бемориҳо (ТББ-10) бо рамзи E66 ташхисгузорӣ карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки назар ба дигар бемориҳо, бемории фарбеҳӣ,…
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар МД “МҶТКТО”
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар МД “МҶТКТО”
ЧОРАБИНИИ ТАНЪТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН” ТАҲТИ УНВОНИ «КӮДАКОН ОЯНДАИ МОВУ ШУМО» ДАР МД “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ”
Муассисаи давлатии “МҶТКТО” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ҳамасола барои кӯдакони маъюби Амбулаторияи назди Марказ, баҳри баланд бардоштани руҳияи кӯдакон чорабинии маънавию фарҳангӣ баргузор менамояд. Имрӯз 1 июн дар ҷаҳон 73-умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Cоли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин ид дар 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд…
КОРМАНДОНИ МД «МҶТКТО»ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РУҲИЯИ БАЛАНДИ ХУДШИНОСӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ ТАМОШО НАМУДАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бори дигар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар Паём қайд гардид, ки ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва…
АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲ МОҲИ СОЛИ 2022 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
ТАВАҶҶӮҲИ МУТАХАССИСОН БА РИШТАИ ТИББИ ОИЛАВӢ БЕШТАР МЕГАРДАД
Чорабинии танътанавӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» дар МД Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ
Муассисаи давлатии “МҶТКТО” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи кӯдакон ҳамасола барои кӯдакони маъюби Амбулаторияи назди Марказ, баҳри баланд бардоштани руҳияи кӯдакон чорабинии маънавию фарҳангӣ баргузор менамояд. Ҳамасола 1 июн дар сар то сари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи хифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Конвесия дар бораи…
ҶАШНИ “РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАБИБИ ОИЛАВӢ” дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»
Ҳамасола бо мақсади ҷалб намудани диққати тамоми ҷомеа ба ихтисоси тибби оилавӣ ва саҳми муҳими онҳо дар пешрафти соҳаи тандурустӣ љињати таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ, алалхусус барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони тибби оилавӣ, 19 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии табиби оилавӣ” қайд карда мешавад. Қарор оиди ҷашни “Рўзи байналмилалии табиби оилавӣ” соли 2010 дар ҷаласаи Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) бо як овоз қабул карда шуда, 19 майи соли 2011 дар маросими кушодашавии Анҷумани умумиҷаҳонии табибони оилавӣ дар шаҳри Канкуни давлати Мексика расман эълон гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардонии тибби оилавӣ аз соли 1998 оғоз гардидааст. «Нақшаи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рўи принсипи тибби…