Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ  “МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББИ ОИЛАВӢ”

Имрӯз, 24-ҳуми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гашт, ки дар он роҳбарият ва кормандони муассиса ширкат  варзиданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллӣ ва афрохтани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Зимни чорабини гуфта шуд, ки ҳамасола мардуми сарбаланди кишвари азизамон ин санаи муҳиму фархундаро бо шукуҳу шаҳомати хоса  таҷлил менамоянд. Ҳамчунин баромадкунандагон иброз намуданд, ки имрӯз мо дар айёми пуршараф ва муҳиму муқаддаси миллат — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омадаем. Ин сана аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки дар таърихи давлатӣ ва миллӣ ҷойгоҳи хеле баланд дошта, рамзи ҳувият, ваҳдат, ифтихор ва озодии мардуми шарафманди мо маҳсуб меёбад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда он 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст.

Парчам, ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таърихи пурифтихору пурхотираи халқи тоҷикро инъикос мекунад. Парчами имрӯзаи мо — дорои се ранги сурх, сафед ва сабз — ҳам бо гузашта, ҳам бо имрӯзи кишвари мо робитаи маънавӣ ва фарҳангии чуқур дорад.

Ранги сурх – рамзи шуҷоат, ҷасорат, мубориза барои озодӣ ва истиқлоли ватани мо мебошад. Ин ранг хотиррасон мекунад, ки барои ба даст овардани сулҳу оромӣ бузургони миллат ва ҳазорон фарзандони шуҷои тоҷик ҷони худро фидо намудаанд.

Ранги сафед – рамзи покӣ, садоқат, роҳе ба сӯи ободонӣ ва пешрафти миллат аст. Ин ранг ҳамчунин рамзи зироат ва ватани серҳосили тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз рӯи он мардуми мо ба меҳнат, ҳунар ва ҳаёти осудагӣ эҳтиром мегузоранд.

Ранги сабз – рамзи табиати биҳиштосо, рӯшноӣ, тароват, инчунин рамзи навсозӣ ва рушди устувори кишвар мебошад. Сабз ҳамеша барои миллати мо рамзи зиндадилӣ ва созандагӣ буд.

Дар миёни ин се ранг тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст, ки рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва давлати рушдёбандаи тоҷикон мебошанд. Тоҷ орзуи ҳазорсолаи миллати моро барои давлатдории мустақил ифода мекунад ва ҳафт ситора рамзи саодат, бахт, ва якпорчагии фарҳангӣ ва тамаддунии тоҷиконанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми арсаи байналмилалӣ парафшон буда, ҳамчун рамзи шарафи миллати тоҷик ифтихорофарин аст. Маҳз зери ин парчам мо ба марҳалаҳои нави тараққиёт ворид гашта, дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва илм муваффақиятҳои назаррас ба даст овардем.

Парчам рамзи ваҳдати миллӣ низ мебошад. Дар солҳои душвору пурташвиши кишвар, маҳз ифтихор аз парчам ва арзишҳои миллӣ мардумро муттаҳид намуд, то сулҳу суботи фархунда дар Тоҷикистон устувор гардад. Имрӯз низ мо бояд зери ин парчам ҳамеша муттаҳид, боэътимоду созанда бимонем.

Дар рӯзи муборак ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, таманно мекунам, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар болои ватани маҳбубамон парафшон бошад. Орзу дорам, ки кишварамон дар зери ин парчам ҳамеша дар сулҳ, ободонӣ ва пешрафт қарор гирад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамкорони азиз!